МуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИК БО МИҚДОРИ ЗИЁДИ ТИЛЛО ДАР ФУРУДГОҲИ БЛАГОВЕШЕНСК

Телеграм-канали 112 рӯзи 5 ноябри соли 2023 аз боздошти ду қочоқбаре хабар дод, ки мехостанд тавассути фурудгоҳи шаҳри Благовешенски вилояти Амури Русия миқдори зиёди тиллои арзишаш 3 миллион рублро аз ин гӯшаи минтақаи Шарқи дури Русия ба Тоҷикистон қочоқ кунанд.

Бино ба иттилои 112, зодагони Тоҷикистон Сулаймон Валиев ва Сӯҳроб Қурбонов дар як ҷангал барои худ макони тиллоҷӯиву тиллошӯӣ дуруст карда, дар давоми 8 моҳ ба таври ғайриқонунӣ ба истихроҷи тиллову нуқра машғул шудаанд.

 “Вале ё макони интихобкардаашон чандон аз маъдани тилло бой набуд, ваё худи тиллошӯён танбалӣ кардаанд, вале дар ин ҳама муддати тӯлонӣ (8 моҳ) ҳамагӣ ба маблағи 3 миллион рубл тилло ҷамъ овардаанд. Онҳо ғанимати ҷамъовардаи худро дар фолгаҳо бастабандӣ карда, сипас дар се термоси оҳанин андохтаанд ва ба фурудгоҳи Благовешенск рафтаанд, то аз онҷо ба Тоҷикистон парвоз кунанд. Вале ин рафиқони шубҳабарангезро дар гумрук ба ҳуҷраи хидматӣ бурда, бағочашонро кофтукоб кардаанд ва ҳамаи тиллои доштаашонро ёфтанд. Бори қиматбаҳоро мусодира  карда, худи тиллошӯёнро ба тавқифгоҳ (ИВС) бурдаанд”, – хабар медиҳад 112.

 Акнун барои истихроҷ ва қочоқи ғайриқонунии фулузоти қиматбаҳо ба Сулаймон Валиев ва Сӯҳроб Қурбонов  то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Албатта, бо мусодираи тамоми он тиллои арзишаш 3 миллион рубл, ки аз ин ду зодаи Тоҷикистон ёфта ва гирифта шуд.

Дар бораи чӣ қадар вазн доштани фулузоти қиматбаҳои аз ин ду зодаи Тоҷикистон гирифташуда, канали 112 чизе нагуфтааст. Вале бар асоси қурби расмии тилло дар бозори Русия, 3 миллион рубл ин нархи тақрибан 10 унс (унция), ё чизе бештар аз 300 грамм тиллост.

Конҳои тиллои минтақаҳои Сибиру Шарқи Дури Русия аз қадим тиллоҷӯён аз гӯшаҳои гуногуни дунёро ба сӯи худ ҷалб мекунад. Ҳар сол садҳо тиллоҷӯ аз кишварҳои мухталиф ба ҷангалистонҳои беканору канори дарёҳои Сибиру Шарқи Дур фурӯ рехта, бархеаш қонуниву бархеаш ғайриқонунӣ ба ҷустуҷӯи тилло машғул мешаванд.

Тоҷикистон низ конҳои тиллои зиёд дорад, вале дар бозори ин кишвар тиллои Русия нисбат ба тиллои маҳаллӣ нархи хеле баландтар дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button