ОШКОР ШУДАНИ ЧАНДИН ҲОЛАТИ ФУРӮШИ БИЛЕТҲОИ ҲАРБИИ ҚАЛБАКӢ
Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 ноябри соли 2023 дар як гузориши муфассал аз ошкор шудани чандин ҳолати ба шаҳрвандон фурӯхтани билетҳои ҳарбии қалбакӣ аз ҷониби 6 нафар, аз ҷумла 2 корманди милитсия хабар дод. Қалбакӣ будани билетҳои ҳарбӣ вақте ошкор шудаанд, ки соҳибонашон барои худро дар қайд гузоштан ва озод шудан аз хидмати артиш бо ин билетҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ муроҷиат кардаанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки вақтҳои охир нафарони ҷиноятпеша бо мақсади ба даст овардани даромади муфт аз соддагӣ ва гумроҳии баъзе аз шаҳрвандон истифода бурда ё бо маслиҳати пешакӣ бар ивази маблағҳои пулӣ барои озод намудани даъватшавандагон аз даъват ба хизматии ҳатмии ҳарбӣ ба тайёр намудани билетҳои ҳарбии қалбакӣ машғул гаштаанд.
Аз ҷумла шаҳрванд Шарипов Абдусаттор моҳи июни соли 2022 бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ аз шиносаш шаҳрванд Фатҳуллоева Т.А. барои аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ озод намудан ва тайёр карда додани билетҳои ҳарбӣ барои ҷиянҳояш – даъватшавандагон Фатҳуллоев А.А., Фатҳуллоев Ҳ.А. ва Баҳриддинзода С.Б. маблағи 36 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Сипас, Шарипов А.Ғ. аз пайи ҷустуҷӯи нафаре, ки бояд ба ӯ билети ҳарбӣ омода намояд, гашта, дар яке аз маъракаи шиносаш бо шаҳрванд Ахмедов Фирдавс Олимович шинос шуда, дар бораи дастрас намудани билетҳои ҳарбӣ маслиҳат намудааст.
Ахмедов Ф.О. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Шарипов А.Ғ. дидаю дониста, ки даъватшавандагон Фатҳуллоев А.А., Фатҳуллоев Ҳ.А. ва Баҳриддинзода С.Б.хизмати ҳатмии ҳарбиро адо накардаанд, бо истифодаи техникаи компютерӣ сохтакорона ба номи даъватшавандагони номбурда билетҳои ҳарбӣ омода карда, дар онҳо маълумотҳои бардурӯғ оиди аз ҷониби номбаршудагон хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намудан ворид карда, тавассути Шарипов А. Ғ. ба Фатҳуллоева Т. А. додаааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур 5-уми июни соли 2023 аз тарафи Додситонии куллии Тоҷикистон нисбати Шарипов А. Ғ. ва Ахмедов Ф. О. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «б,в», 340 қисми 2 бандҳои «б,в»ва 36 қисми 5-343 қисми 3 банди «б»Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз итмоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Додситонии кул гуфт, бо ҳукми додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе аз 28-уми августи соли 2023 номбурдагон маҳкум гардидаанд. Вале дар бораи мушаххасан чӣ ҷазо гирифтани Абдусаттор Шарипов ваФирдавс Ахмедов дар хабар чизе гуфта нашудааст.
Дар ҳолати дигар, моҳи майи соли 2023 шаҳрванд Тухтаев Ҳасан бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо маслиҳати пешакӣ бо даъватшавандагон-сокинони шаҳри Исфара Қурбонов Муртазохӯҷа Аҳтамович, Абдусаторов Абдуғафор Мансурович ва Набиҷонов Абдурауф Абдураҳимович бар ивази маблағи пулӣ, ҷамъ 40 ҳазор сомонӣ ба ному насаби онҳо билетҳои ҳарбӣ оид ба хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намудан бо роҳи сохтакорӣ тайёр карда додааст.
Даъватшавандагон Қурбонов М.А., Абдусаторов А.М. ва Набиҷонов А.А. дидаву дониста, ки билетҳои ҳарбияшон қалбакӣ мебошанд, бо мақсади аз хизмати хатмии ҳарбӣ озод гардидан онҳоро ба комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара барои ба қайд гузоштан пешниҳод кардаанд, вале дар инҷо қалбакӣ будани билетҳои ҳарбӣ ошкор гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур 19-уми августи соли 2023 аз тарафи прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд нисбати Набиҷонов А.А., Қурбонов М.А. бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17-уми октябри соли 2023 нисбати Тухтаев Ҳ.Х. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «а,б,в,» ва 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Ба ин монанд, моҳи октябри соли 2022 шаҳрванд Собирзода Нуриддини Маҳмадсафо бо мақсади дастрас кардани билети ҳарбии қалбакӣ ҷиҳати озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ бо маслиҳати пешакӣ ба корманди шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур-2 шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия Назаров Меҳроҷиддин Хуршедович маблағи 24 ҳазор сомонӣ додааст.
Аввалҳои моҳи январи соли 2023 Назаров М. Х. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо корманди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Исмоилов Ашуралӣ Саюрҷонович маблағи мазкурро байни худ тақсим намуда, бо истифодаи техникаи компютерӣ сохтакорона ба номи даъватшаванда Собирзода Н.М. билети ҳарбии қалбакиро тайёр намуданд, ки гӯё номбурда дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ аз 9 декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 адои хизмати ҳарбӣ намудааст.
Собирзода Н.М. билети ҳарбии қалбакии бадастовардаашро бо мақсади минбаъд озод шудан аз даъвати хизмати ҳарбӣ дар рафти даъвати тирамоҳи соли 2023 барои ба қайд гузоштан ба шахсони масъули даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҷамоати деҳоти ба номи “А.Абдулвосиев”-и шаҳри Ваҳдат пешниҳод кардааст, ки дар натиҷаи санҷиш, қалбакӣ будани билети ҳарбӣ ошкор гардида, Собирзода ба даст афтодааст.
27 октябри соли 2023 нисбати Назаров М.Х. ва Исмоилов А.С. бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 340 қисми 2 бандҳои «б,в» ва нисбати Собирзода Н. М. бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, Назаров М. Х. ва Исмоилов А. С. дастгир карда шудаанд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур аз ҷониби Сарпрокуратураи ҳарбӣ идома дорад.