РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО ҚОЧОҚИ НАШЪА 250 МЛН РУБЛ ҶУДО МЕКУНАД (5 АКС)
ВКД Русия ба ҳайси кумак ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон беш аз 250 миллион рубл (наздики 2 миллиону 650 ҳазор доллар бо қурби имрӯза) ҷудо мекунад.
Сомонаи расмии агентии мубориза бо маводи мухаддир ва сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, ки созишномаи марбута дар бораи ҳамкорӣ ва расонидани кумак ба Агентӣ дар соҳоти муқобила ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо барои солҳои 2023-2025 рӯзи 2 ноябри соли 2023 дар Душанбе ба имзо расид.
Сафорати Русия дар Фейсбук хабар дод, ки дар маросими имзои созишнома сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва ршҳбари намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон иштирок доштанд.
“Ин созишнома бо мақсади боло бурдани сатҳи ҳамкории ВКД Русия бо Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар роҳи муқобила бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо, ҳамчунин ба хотири таҳияи чораҳои муассири мувофиқатшуда барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудааст. Ҳаҷми умумии кумак беш аз 250 миллион рублро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи сафорати Русия.
Сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дод, ки созишномаи мазкурро директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ва аз он ҷониб вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколтсев бо таври фосилавӣ ба имзо расониданд. Бино ба ин манбаъ, Воҳидзода барои дастгириҳои пайвастаи ҳукумати Русия изҳори сипос намуда, дар навбати худ сафири Русия таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари буферӣ дар роҳи мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.
Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.
Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ҳанӯз дар поёни солҳои 90 бо кумаки Созмони Милал барои тақвияти мубориза бо мавҷи афзояндаи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Бино ба омори расмии ин ниҳод, кормандонаш дар нимаи аввали соли 2023 тақрибан 367 кило маводи мухаддирро мусодира ва фаъолияти 24 гуруҳи муташаккили қочоқбари иборат аз 47 нафарро ошкор карда, бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир 81 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Дар умум дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон қариб дуюним тонна, ё дақиқтараш, 2 тоннаю 477 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира шудааст. Аз ин шумор 1 тоннаю 322 килояшро сохторҳои ВКД ва қариб 783 килои дигарро сохторҳои Кумитаи амният ва қӯшунҳои марзбонӣ пайдо ва мусодира кардаанд.