ЯК ТАКСИСТУ САНТЕХНИК АЗ ТОҶИКИСТОНРО ДАР РУСИЯ БАРОИ … ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ ВА ҚОЧОҚИ СИЛОҲ ЗИНДОНӢ КАРДААНД

Додгоҳи шаҳри Маскав зодаи Тоҷикистон Зоҳидов Аҳадҷон Маҳмадҷоновичро, ки 36 сол дорад ва дар пойтахти Русия ҳамчун ронандаи такси ва устои сантехник кор мекард, бо ҷурмҳои сангини хиёнат ба давлат ва қочоқи силоҳ маҳкум ба 13 соли зиндони низомаш сангин кардааст.
“Додгоҳ Зоҳидов Аҳадҷон Маҳмадҷоновичро ба 13 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Ӯ бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 275 (хиёнат ба давлат) ва моддаҳоии 30 ва 226.1 (қасди қочоқи силоҳ) гунаҳкор дониста шуд”, – хабар додаанд дар додгоҳи шаҳри Маскав. Ҷузъиёти парванда нашр нашудааст, чунки он муҳри “махфӣ” дошт ва пушти дарҳои баста баррасӣ шуд. Аз Зоҳидов дар додгоҳ адвокати аз тарафи давлат таъйиншуда ҳимоят мекард. Ӯ рӯзи 2 ноябри соли 2023 аз посух ба суоли хабарнигори нашрияи “Медиазона” дар бораи ин ки оё Зоҳидов иттиҳоми эълоншударо қабул дорад ё на?, даст кашидааст, вале гуфтааст, ки “аз ҳукми сангин шикоят хоҳем кард”.
Айбдоркунанда ва сафедкунанда дар додгоҳ рӯзи 27 октябр суханронӣ кардаанд, вале маълум нест, ки айбдоркунанда аз додгоҳ барои Зоҳидов чанд сол хостааст. Хабарнигори “Медиазона” аз додгоҳи Маскав хабар дод, ки Аҳадҷон Зоҳидов бар асоси банди хиёнат ба давлат ба 12 солу 6 моҳи зиндон ва бар асоси банди қасди қочоқ ба 4 соли дигар маҳкум шуд ва қозии парванда Александр Рибак бо роҳи ҷамъу тарҳи ҳукмҳо нисбат ба ӯ 13 сол ҳукми ниҳоӣ таъйин кард. Рибак гуфтааст, ки Зоҳидов дар ду ҳолати қочоқ ва 6 ҳолати қасди қочоқ гунаҳкор шинохта шудааст.
Дар бораи шахсияти маҳкумшуда маълумоти зиёде дар даст нест.
Бино ба маълумоти ЕГРЮЛ (Феҳристи ягонаи сабти давлатии шахсони ҳуқуқии Русия), ба номи Зоҳидов Аҳадҷон Маҳмадҷонович дар деҳаи Брехово дар канори шаҳри Химки як корхонаи инфиродӣ сабт шудааст, ки соҳаи фаъолияташ таксии сабукрав нишон дода шудааст.
Ҳамчунин бо айни ному насаб як нафар ҳамчун мудири кулли ширкати тиҷоратии “ТК ПИНЕКСТ” сабт шудааст. Ин ширкат ба умдафурӯшӣ (оптовая торговля) машғул будааст.
Ҳамин тавр, дар сомонаи машҳури корҳои устогӣ “Мастер дел”, Зоҳидов Аҳадҷон Маҳмадҷонович ҳамчун сантехник ва устои насби унитаз бо таҷрибаи кор аз соли 2012 ва устои рангубору андова (мастер по малярно-штукатурным работам) нишон дода шуда, 13 нафар дар бораи кори ӯ шарҳҳои комилан мусбат навиштаанд ва баҳои миёнааш ҳамчун усто 5 баллро ташкил додааст, ки баҳои аз ҳама баланд аст.
“Устои олӣ! Зуд, дақиқ ва босифат кор мекунад. Одами чеҳракушоду хандонрӯст. Ба ҳама тавсия медиҳам ин усторо!”, “Аҳадҷон Маҳмадҷонович дар хонаи мо люки унитазро иваҳ кард. Саривақт омад, дар муносибат хеле меҳрубону чеҳракушод аст. Ҳамааш хуб гузашт. Аз натиҷаи кораш розием “, – навиштаанд муштариёни Зоҳидов дар сомонаи “Мастер дел”.

Аммо бо ин ҳама номаълум боқӣ мемонад, ки Аҳадҷон Зоҳидове, ки дар Маскав ҳамчун таксисту сантехник кор мекард, чӣ гуноҳеро муҷрим шуд, ки бо чунин иттиҳомоти сангине, чун хиёнат ба давлат ва қочоқи силоҳ маҳкум ба 13 соли зиндон шавад?
Ин бори аввал нест, ки зодагони Тоҷикистон дар Русия бо чунин ҷурмҳои сангин ба даст меафтанд. Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Маскав ҳунарпешаи 32-солаи синамо аз Тоҷикистон Шарифҷон Тиллозода бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Украина боздошт шуд.

