Маҳбуси тоҷики 57-сола Амриддин Саидов, ки 9 сол боз дар маҳбаси Русия бо ҷуми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекард ва то поёни ҳукмаш камтар аз ду соли дигар боқӣ монда буд, аз маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение) № 20, воқеъ дар шаҳри Уст-Кути вилояти Иркутск фиррор кардааст. Дар ГУФСИН, идораи зиндонҳои вилояти Иркутск гуфтанд, ки Амриддин Саидов субҳи 27 октябри соли 2023 фирор кардааст.
Манбаи нашрияи маҳаллии “ИрСити” дар идораи зиндонҳои минтақа хабар додааст, ки Амриддин Саидов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд ва 8 соли аввали ҳукмашро дар маҳбаси низомаш сангин адои карда, дар баҳори соли 2022 ба маҳбаси сукунутӣ гузаронда шуд. Ӯ мебоист соли 2025 ба озодӣ мебаромад.
Сабаби фирори маҳбуси тоҷик аз маҳбаси сукунутӣ, ки қоидаҳои будубошаш нисбат ба зиндон хеле сабуктар аст, гуфта нашудааст.
Идораи зиндонҳои вилояти Иркутск ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
Саидов Амридин Ғаффорович 1 марти соли 1966 дар Тоҷикистон ба дунё омада, зоҳиран ба марди синнаш 50-55 лет шабоҳат дошта, қадаш чандон баланд нест, ҳамагӣ 165 сантиметр аст. Амриддин Саидов чашмони калон, мӯи кӯтоҳу росту ҷо-ҷо дар байнаш сафедӣ дамида дорад.
Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи куҷо будани Амриддин Саидов маълумот доранд, хоста шудааст, ки бо ин рақамҳо ба идораи зиндонҳои вилояти Иркутск тамос бигиранд:
Шуъбаи кофтукови идораи зиндонҳои вилояти Иркутск 8 (3952) 26-81-24, 26-81-45,
Қисми навбатдории ГУФСИН 8 (3952) 33-97-56, 26-81-59.
Шаҳри Уст-Кут бо наздики 37 ҳазор аҳолӣ дар маҳалли ба дарёи бузурги Лена рехтани дарёи Кута, дар фосилаи тақрибан 900 километр дар шимолушарқи шаҳри Иркутск ҷойгир шудааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон Камолҷон Калонов, ки қариб 20 солро дар маҳбаси Русия пушти сар кард, рӯзи 18 сентябри соли 2023, дар рӯзе ки бояд озод мешуд, аз маҳбаси сукунать (колония-поселение)-и №19, воқеъ дар шаҳраки Маркови вилояти Иркутск фирор кардааст. Шаҳраки Марков дар фосилаи ҳамагӣ чанд километр аз канораҳои ҷанубуғарбии шаҳри Иркутск ҷойгир шудааст.
Дар маркази матбуоти ГУ ФСИН, хадамоти зиндонҳои вилояти Иркутск ба хабаргузории русии ТАСС гуфтанд, ки Камолҷон Калоновро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.
“18 сентябри соли 2023 дар маҳбаси сукунатии назди маҳбуси №19 муайян карда шуд, ки як маҳбуси соли таваллудаш 1974 ҳузур надорад. Имрӯз рӯзи аз маҳбас озод шудани ӯ буд. Барои фирор ба ӯ то 4 соли дигари зиндон таҳдид мекунад”, – хабар додаанд дар идораи зиндонҳои вилояти Иркутск.
Бино ба шарҳи ин идора, дар маҳбаси сукунатӣ маҳбусонро бидуни посбон нигоҳ медоранд ва онҳо дар дохили маҳбаси сукунатӣ озодона равуо мекунанд ва бо иҷозати маъмурият метавонанд ба берун аз маҳбас, вале танҳо дар доираи шаҳрак ҳам бидуни посбон бираванд. Камолҷон Калонов як рӯз қабл барои рафтан ба берун иҷозат гирифтааст ва мебоист дар зарфи 24 соат бармегашт, вале бо вуҷуди гузаштани муҳлати ниҳоӣ ӯ ба маҳбас барнагаштааст.
Камолҷон Калонов собиқаи ҷиноии бой дошт. Ӯро бор аввал дар солҳои 90 бо ҷурми ташкили гуруҳи муташаккилонаи ҷиноӣ ва фарзандхонии ғайриқонунӣ зиндонӣ карданд. Калонов соли 1997 аз зиндон озод шуд, вале алакай дар соли 2003 ӯро бо ҷурмҳои сангини куштор, ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ ё дуздии силоҳ ба 22 соли зиндон маҳкум карданд.
Рӯзи 18 сентябр Калоновро бояд пеш аз муҳлат озод мекарданд. Маълум нест, ки баъди берун рафтанаш бо ӯ чӣ шудааст?, вале як ҳадси мақомот ин аст, ки шояд ӯ аз ин метарсид, ки баъди раҳоӣ ба Тоҷикистон ихроҷаш мекунанд. Мақомоти Русия ҳамаи маҳбусони хориҷиро баъди ба поён расидани муҳлати ҳукмашон ихроҷ мекунанд.
Ҳадси дигар ин аст, ки мисли бисёре аз маҳбусони дигари собиқадор Камолҷон Калонов дар ин 20 сол ба муҳити маҳбас, аз ҷумла ба ин ки сарпаноҳе болои сар дорад ва хӯрду хӯроку пӯшокаш ҳам таъмин карда мешавад, одат кардааст ва шояд озод шудан намехоҳад.