ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ПАСТ ЗАДАНИ МАРДУМИ ХУҶАНД ДАР СОМОНАИ “СОМОН ТҶ”

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд аз боздошти ҷавони чехолфурӯше хабар дод, ки дар эълонаш дар сомонаи “Сомон ТҶ” шаъну эътибори мардуми Хуҷандро паст задааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар асоси нашри эълон ва баёни андешаи носолим дар сомонаи «Сомонтҷ” нисбати шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд чораҳои қонунӣ дар доираи протоколи маъмурии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуд.

Дар эълони Шукуров дида мешавад, ки ӯ чехоли мошинро бо нархи 900 сомонӣ ба фурӯш гузошта, муштариёни чехолҳо аз Хуҷандро “гелосҳои Хуҷанд” ном бурда, хоҳиш мекунад, ки барои поён овардани нархи молҳояш ғамаш надиҳанд. Дар як шарҳи дигар ӯ бо як лаҳни тунд боз ҳам хуҷандиҳоро дашном медиҳад, ки агар ҳамчунон аз вай паст кардани нархи чехолашро талаб кунанд, фалонашон мекунад.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар шарҳи ин қазия гуфт: “Маълум гардид, ки шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович, соли таваллудаш 18.10.2001 зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ш.Гулистон, кӯчаи Истиқлол зимни нашри эълон дар сомонаи “Сомонтҷ” суханҳои носазо гуфтааст, ки боиси вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Дар асоси муроҷиат ва вокуниши сокинон дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар “Фейсбук” бо супориши сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода ҳолати мазкур фавран аз ҷониби кормандони фаврии мақомоти милитсия таҳқиқ гардида, шахсияти эълоннашрнамуда муайян ва ба ШВКДҶТ ба шаҳри Хуҷанд оварда шуда, нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида шуд. Маълум гардид, ки шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович, соли таваллудаш 18.10.2001 зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол ҳангоми нашри эълон дар сомонаи “Сомонтҷ” бидуни андешаи солим ибрози ақида намуда, боиси вокуниши шадид байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст”.

Худи Шукуров Муродалӣ барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нест, вале дар иттилоияи дафтари матбуоти шаҳрдонии Хуҷанд гуфта мешавад, ки “шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович аз гуфтор ва кирдораш сахт пушаймон гардида, расман узр пурсидааст”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button