3 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ПИСАРИ РЕКТОРИ СЛАВЯНӢ БАРОИ МАРГИ ОВОЗХОН НЕКРӮЗ НИЁЗОВ
Комёб Файзулло, ронандаи мошине, ки сабабгори ҳалокати овозхон Некрӯз Ниёзов гардид, ба 3 сол зиндон маҳкум шудааст.
Рӯзи 2-юми ноябри соли 2023 дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми Комёб Файзулло “се рӯз пеш содир шуда”, вай бар пояи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст,) маҳкум кардааст.
Вакили Комёб Файзулло барои шарҳи ҳукм дастнорас буд, аммо падараш Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Озодӣ гуфт, мошине, ки садама кард, аз ӯ буд, на аз писараш ва шаби ҳодиса писараш мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд.
Наздикони овозхон Некрӯз Ниёзов гуфтанд, онҳо ба ҷаласаи додгоҳ нарафтанд, “чунки фарзандашонро дигар баргардонда наметавонанд.”
Садамае, ки боиси марги овозхон Некрӯз Ниёзов гардид, шоми 21-уми сентябр дар назди тарабхонаи “Боми Ҷаҳон”-и Душанбе рух дод ва вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Корбарон бо назардошти он ки омили садама ва марги овозхон писари мансабдори тоҷик буд, гуфтанд, ин ҳам яки дигар аз мавридҳои беэътиноӣ ва азхудрафтагии ронандагони ҷавон ба қоидаҳои роҳ ва эҳтироми дигарон аст.
Аммо ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Машраб Файзулло дар ин робита гуфт: “Аз аввал тақозо кардем, ки ҳама чиз дар доираи қонун баррасӣ шавад. Ин хел фалокат метавонад ба сари ҳар кас биёяд, ҳеч кас аз ин чизҳо дар амон нест. Писарам аввал дар боздоштгоҳи ВКД буд, баъд ба СИЗО гузаронданд. Барояш хӯрок мебарем, аммо вонахӯрдем. Ман дар мурофиа ширкат накардаам. Комёб бо саводи худаш ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуд ва баъд ӯро ба Донишгоҳи славянӣ интиқол додем, чанд забони хориҷиро медонад...”
Яке аз наздикони овозхон Некрӯз Ниёзов, ки дар садама қурбон шуд, рӯзи 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали ин ҳафта онҳоро ба мурофиа даъват карданд. “Вале мо нахостем ба мурофиа равем, рафтан чӣ фойида дорад, фарзандамонро баргардонда наметавонем,”– гуфт ӯ.
Машраб Файзулло ба наздикони Некрӯз Ниёзов изҳори ҳамдардӣ кард, вале нагуфт, ки аз болои қарори додгоҳ шикоят мебарад ё не?
Шаби 21-уми сентябр дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани ду мошини гаронбаҳо дар назди тарабхонаи “Боми Ҷаҳон” дар шаҳри Душанбе овозхони 28-сола Некрӯз Ниёзов, ки дар канори роҳ истода буд, ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, яке аз мошинҳоро Комёб Файзулло ва мошини дуввумро нафаре бо номи Оятулло Аҳтамзода меронд. Дар бораи Аҳтамзода маълумоти зиёд дар даст нест ва рӯшан нест, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ё не?
Ин бори аввал нест, ки номи фарзандони мансабдорон дар робита ба садамаҳои марговар расонаӣ мешавад. Аммо марги овозхони боистеъдод ва умедбахш эътирози даҳҳо нафарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд.
Радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ)