ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронТиб ва беҳдоштҶанг дар Украина

ДУ ТАБИБИ АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ КӮЧИДАРО ҲАМ БА ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА БУРДАНД (ВИДЕО)

Ҳукумати вилояти Владимири Русия рӯзи 1 ноябри соли 2023 дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” видеои ду табиби зодаи Тоҷикистонро, ки дар шаҳрҳои Муром ва Владимир кор мекарданд ва акнун ба ҷанги зидди Украина раҳсипор шудаанд, нашр кард. Маъмурияти ин вилоят иддао дорад, ки Ихтиёр и Илёсҷон гӯё бо ихтиёри худ  ба “минтақаи амалиёти махсуси ҳарбӣ” мераванд. Мақомоти Русия ҳамчунон сарсахтона ҷанги зидди Украинаро бо ҳамин ибораи

“минтақаи амалиёти махсуси ҳарбӣ” (“зона специальной военной операции”) ном мебаранд.

Ихтиёр аз Тоҷикистон дар шаҳри Муром ба ҳайси табиби дерматовенеролог (табиби бемориҳои пӯст ва бемориҳои ҷинсӣ) кор мекардааст. Ӯ дар видеои нашршуда мегӯяд, дар хатти ҷабҳа табибон заруранд.

“Барои хидмат ба Ватан меравам. Мисли бобоҳои мо, ки двр вақташ хидмати Ватан карда буданд. Мо ҳам аз роҳи бобоҳоямон рафта истодаем. Аз ҳамаи ҳамватанон даъват мекунам, ки ба мо паёравӣ кунанд”, – мегӯяд Ихтиёр.
Ҳамкасби ӯ духтури терапевти бемористони шаҳрии №6 шаҳри Владимир Илёсҷон низ аз Тоҷикистон аст. Ӯ ҳам қарордод имзо карда, ба ҳайси табиб ба Украина раҳсипор шудааст. Илёсҷон  низ дар видео иддао мекунад, ки ба Украина бо ихтиёри худ рафта истодаст, то ки “Ватанамонро ҳимоя кунам”.

Ихтиёр ва Илёсҷон аз нахустин табибони тоҷики ба Русия кӯчида мебошанд, ки хабари ба ҷанги зидди Украина фиристода шуданашон расонаӣ мешавад. Ин хабар дигар табибони тоҷики ба Ррусияро кӯчидаро дар ташвиш андохтааст.

Дар солҳои охир асосан тавассути барномаи давлатии “Переселение” ҳазорон табибу ҳамшираи шафқат ва дигар кормандони соҳаи тиб барои кору зиндагии доимӣ ба Русия кӯчиданд. Рафтани мутахассисони пуртаҷриба ба соҳаи тиб дар Тоҷикистон зарбаи сахт зад, вале мақомоти тоҷик тавони гирифтани пеши роҳи ин равандро надоранд, чунки ба онҳое, ки мекӯчанд, бахусус дар сурати кору зиндагӣ дар вилоятҳои дурдасти Русияро ихтиёр карданашон мақомоти рус ҷои кору маоши хуб ва имтиёзҳои фаровоне ваъда медиҳанд, ки ниҳодҳои тандурустии Тоҷикистон тавони додани чунин имтиёзҳоро надоранд.

Вале табибони ба Русия кӯчида мегӯянд, ҳангоми ба барномаи “Переселение” ҷалб кардани онҳо касе нагуфта буд, ки ягон рӯз онҳоро метавонанд ба ҷанг баранд.

Русия 24 феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард. Тайи 20 моҳи ҷанг аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион нафари дигар маъюб шуданд. Дар байни кушташудагон, бино ба ҳисобҳо, беш аз 50 зодаи Тоҷикистон низ ҳаст. Беш аз 30 нафари онҳо маҳбусони тоҷиканд, ки дар зиндонҳои Русия адои ҳукм мекарданд ва дар ивази ваъдаи озодӣ аз маҳбас ба ҷанги зидди Украина бурда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button