ТАХМИНА ОЛИМОВА ДАР МАСКАВ БА ДАСТ АФТОД. ӮРО БОЯД БА ДУШАНБЕ БИОРАНД (ВИДЕО)
Шаҳрванди Тоҷикистон Тахмина (Таҳмина) Олимова дар шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Душанбе дастгир шудааст. Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия рӯзи 1 ноябри соли 2023 хабар дод, ки Тахмина Олимова, ки дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад, аз ҷониби кормандони дафтари миллии Интерполи Русия ва пулиси шаҳри Маскаву ҳавзаи маъмурии ғарбӣ боздошт шуд. Дар видеои нашркардаи ВКД Русия дида мешавад, ки ин ҷавонзанро дар ҳудуди ноҳияи Можайский дар ғарби шаҳри Маскав дастгир кардаанд.
Худи Тахмина Олимова ваё наздикону адвокаташ барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон – ташаббускорони ҷустуҷӯи Тахмина Олимова, ин ҷавонзан аз моҳи август то декабри соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии чанд сокини Тоҷикистон, ки дар як фурӯшгоҳ тиҷорат доштанд, даромада, бо ваъдаи бо қурби хуб бо асъори ивах кардани пулҳои онҳо, аз ин соҳибкорон маблағи баробари беш аз 3 миллион рубл (муодили беш аз 30 ҳазор доллар)-ро гирифта, аз они худ кардааст. Гуфта мешавад, ки Тахмина Олимова ин ҳама пулҳои ба ӯ боваркардаи соҳибкоронро ба манфиати худ сарф карда, дигар барнагардондааст. На бо доллар ва на пули сомонӣ.
“Баъди содир кардани ҷиноят Тахмина Олимова дар қаламрави Русия пинҳон шуд ва ӯро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон ахиран макони будубоши ӯ муайян карда шуд. Дар ҳоли ҳозир маъсъалаи истирдоди боздоштшуда ба кишвари ташаббускори ҷустуҷӯи ӯ дар дасти баррасӣ қарор дорад”, – хабар дод Ирина Волк.
Қаллобӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Мардумфиребиҳо ба вижа ҳангоми муомилаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла ҳангоми харидуфурӯши асъори хориҷӣ, зиёд рух медиҳанд. Қарори маълум, аз соли 2015 харидуфурӯши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон пурра дар монополияи бонкҳо қарор дода шуд, вале мутаассифона, дар аксари бонкҳо бидуни миёнарав ва пардохти ҳаққи муайян пайдо кардани асъори хориҷӣ барои харидорӣ ба як амри муҳол табдил ёфтааст.