ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

РАСУЛ ШЕРМАТОВ БАРОИ ҚАТЛИ МАЪШУҚАИ СОБИҚАШ ОКСАНА БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Челябински Русия рӯзи 2 ноябри соли 2023 шаҳрванди ӯзбекзабони Тоҷикистон Расул Шерматовро дар қатли маъшуқаи собиқаш Оксана гунаҳкор шинохта, 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Гуфта мешавад, ки Шерматовро шабона дар як пивохона дар кӯчаи Энтузиастҳо бо марди дигар дида, аз рашк ӯро куштааст.

Наталя Мамаева, ёвари аршади додситони вилояти Челябинск дар пайи судури ҳукми додгоҳ гуфт: Далелҳои ба додгоҳ ироашуда кифоят кард, ки шаҳрванди хориҷӣ гунаҳкор шинохта шавад. Ӯ 9 сол ҳукмашро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард. Бар илова, ӯ бояд ба духтари зани кушташуда ҳамчун товон 1,5 миллион рубл пардохт кунад”.

Ҳукми Шерматов ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Расул Шерматов аз ӯзбекзабонҳои ноҳияи Ашт буда, дар Челябинск як бригадаи коргарони сохтмонро роҳбарӣ мекард.

Худи ӯ ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, муайян карда шудааст, ки шаби 5 августи соли 2023, Расул Шерматов хабар ёфтааст, ки маъшуқаи собиқаш Оксана дар як пивохона (паб) дар кӯчаи Энтузиастҳо бо як марди дигар мулоқот дорад. Ӯ дар ҳолати мастӣ ба ин паб омада, дар ҳақиқат Оксанаро ҳамроҳи як марди дигар дидааст ва аз ғояти рашк аз мӯи сари ӯ кашида, ба баданаш чанд корд задааст. Зани 41-сола, ки аз ноҳияи гардан ва қафаси синааш дастикам 6 зарбаи корд хӯрд, баъди қариб як ҳафта, рӯзи 11 август дар бемористон ҷон дод.

Ба гуфтаи шоҳидон, марде, ки бо Оксана он шаб мулоқот дошт, баробари аз ҷайбаш кордро берун кашидани Расул Шерматов, филфавр аз пивохона фирор кардааст.

Шерматов ҳам баъди “ҷазо” додани маъшуқаи собиқаш аз онҷо фирор кард, вале алакай баъди чанд соат шахсияти ӯро муайян ва худашро дастгир карданд.

Аз Русия ҳар сари чанд вақт дар бораи муноқишаҳои хунини муҳоҷирон бо маъшуқаҳои русашон хабарҳо ба даст мерасанд.

Дар ин авохир яке аз қазияҳои аз ҳама пурсарусадо аз ин зумра парвандаи Хушнуд (Рома) Ҳамроев буд, ки моҳи июли соли 2022 дар Новосибирск дӯстдухтари собиқашро, ки ҳамагӣ 17 сол дошт, бо 17 зарбаи корд ба ҳалокат расонд.

Ҳамроев Хушнудро ба он айбдор мекунанд, ки аз соли соли 2021 чандин бор ба ҷабрдида таҳдиди куштан карда, дар ҳолати мастӣ ӯро азобу уқубати ҷисмонӣ ва равонӣ медод. Шаби 26 июли соли 2022, Хушнуд Ҳамроев дар ҳолати мастӣ ҷабрдидаро, ки аз ӯ мегурехт, таъқиб карда, ба замин афтондааст ва ба аъзои ҳаётан муҳими бадани ӯ на камтар аз 17 зарбаи корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Лаҳзаи ин кушторро, ки шаби 26 июли соли 2022 дар кӯчаи Лесосечная дар маҳаллаи Нижняя Елтсовкаи ноҳияи Совет, дар канораҳои ҷанубии Новосибирск рӯй дод, як ронандае, ки он шаб тасодуфан дар онҷо буд, тавонистааст бо видеорегистратори мошинаш сабт кунад.Ин ронанда ва ронандаи як таксии дигари раҳгузар, ки  ӯ ҳам шоҳиди бераҳмона маъшуқаашро куштани Ҳамроев шуданд, аз тарс ба кумаки ҷабрдида наомадаанд. Танҳо баъди фирори Хушнуд он ду ронандаи шоҳид ба пеши духтар шитофтаанд, вале ӯ алакай ҷон дода буд.

Хушнуд Ҳамроев соли 2019 низ барои латтукӯб ва таҳдиди куштани як дӯстдухтари қаблиаш ним сол дар СИЗО дар ҳабс будааст.

Ӯ ҳон шаб баъди куштани Анастасия пои пиёда 25 километр роҳро тай карда, худро ба бозори Хилок расондааст ва аз ҳамватанони бозорнишинаш пурсидааст, ки чӣ гуна метавонад тарки Русия карда, ба Тоҷикистон фирор кунад? Вале савдогарони бозор, ки акси Ҳамроевро алакай дар эълонҳои пулис дида буданд, аз девори каҷ ҳазар гуфта, ба пулис хабар додаанд.

Ҳамроев дар фурӯшгоҳи “Мария-Ра”, дар наздикии бозори Хилок ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекард. Ӯ дар як ҷаласаи додгоҳӣ ба хабарнигорон гуфт, Анастасияро хеле дӯст медошт ва ӯро барои хиёнат куштааст, вале ҳоло аз кори кардааш пушаймон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button