ВидеоИқтисод

АРАБИСТОНИ САУДӢ БАРОИ СОХТМОНИ НИРӮГОҲИ РОҒУН 100 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МЕДИҲАД

Бунёди рушд, ё Сандуқи тазмини Арабистони Саудӣ  барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон 10 миллион доллар ҷудо мекунад.  Дар ин бора сафири Саудӣ дар Душанбе Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон хабар додааст.

“Сандуқи тазмини Арабистони Саудӣ барои сохтани нирӯгоҳи Роғун 100 миллион доллар қарзи боимтиёз ҷудо мекунад “, – нақли қавл кардааст аз дипломати саудӣ хабаргузории расмии ҳуукумати Тоҷикистон “Ховар”.

Сафири саудӣ гуфтааст, тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар минтақа бузургтарин буда, “дар раванди рушди устувори кишвар аз ҳисоби истифодаи муассири захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи сабз, нақши бузург мегузорад”.

“Ховар” таъкид кардааст, ки 100 миллион доллар ваъдаи кумаки Сандуқи тазмини Саудӣ нисфи 195 миллион доллар ҷамъи маблағгузориҳои ин ниҳод ба Тоҷикистон аз замони шурӯи фаъолияташ дар ин кишвар аз соли 2002 ба ин тарафро ташкил медиҳад. Сандуқи тазмин то кунун асосан ба тарҳҳои соҳаи маориф тамаркуз дошт ва 95 миллион доллар сармоягузориҳои боқимондаи он ба Тоҷикистон ба соҳаи маориф рост меояд.

Аз ҷумла тоза моҳи октябри соли 2023 вазорати молияи Тоҷикистон бо Сандуқи тазмини Арабистони Саудӣ қарордодеро ба маблағи 20 миллион доллар дар чорчӯби тарҳи “Сохтмон ва муҷаҳҳаз гардондани мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонданд, ки бар асоси он бояд дар ҷумҳурӣ 19 мактаби муосир барои тақрибан 30 ҳазор хонанда сохта шаванд.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун соли 1976, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, оғоз ёфт, вале бо фурӯпошии СССР ин сохтмон дигар нотамом  боқӣ монд.

Сохтмони ин нирӯгоҳ барои Тоҷикистон, ки ҳар сол дар фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад, ба як масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфтааст ва ҳукумати Тоҷикистони мустақил чандин маротиба талош кард, то сохтмони нирӯгоҳи Роғунро, ки бо 3,6 мегавват иқтидору 335 метр баландии сарбандаш дар минтақа бузургтарин шумурда мешавад, аз сар бигирад.

Ба ин мақсад ду маротиба – дар солҳои 1994 ва 2004 – ҳукумати Тоҷикистон бо Русия (дафъаи аввал бевосита бо ҳукумати Русия ва дафъаи дуюм бо ширкати РУСАЛи олигархи ба Кремл хеле наздик Олег Дерипаска) барои анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Роғун шартнома баст, вале ҳарду қарордод дар рӯи қоғаз монд ва амалӣ нашуд.

Як сабаби ин мавқеи шадидан манфии президенти онвақтаи Ӯзбекистон Ислом Каримов буд, ки қатъиян мухолифи бунёди Роғун буд ва мегуфт, сохтани ин нирӯгоҳ боиси беобӣ дар кишварҳои поёноб ва пеш аз ҳама дар Ӯзбекистон хоҳад шуд.

Дар соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш кард, ки худаш мустақилона ба сохтани Роғун оғоз кунад ва ба ин мақсад як маъракаи нимамаҷбурии фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи ояндаро ҳам ба роҳ андохта, дар давоми чанд моҳ аз мардум ва корхонаҳо наздики 900 млн сомонӣ (тақрибан 180 миллион доллар бо қурби он вақт) ҷамъ овард, ки барои анҷоми сохтмон кофӣ набуд.

Талошҳои ҷалби сармоягузорони ҷиддӣ ба ин тарҳ ба нокомӣ анҷомид ва аз ҷумла ба далели мухолифати Каримов. Баъди марги Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон сиёсаташ нисбат ба кишварҳои ҳамсояаш дар минтақа, аз ҷумла дар масъалаи сохтмони нирӯгоҳи Роғунро иваз  кард.

Тоҷикистон дар солҳои охир дар маҷмӯъ аз буҷааш барои сохтани Роғун алакай тақрибан 3 миллиард доллар сарф карда, солҳои 2018 ва 2022 ду чархаи аввали ин нирӯгоҳро ба кор даровард. Вале ҳатто бо вуҷуди иваз шудани мавқеи мухолифи асосии тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун, ба Душанбе то ҳол муяссар нашудааст, ки барои анҷоми пурраи сохтмони ин нирӯгоҳ сармояи кофиро ҷалб кунад.

Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамчунон ҳар фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ гирифтор шуда, дар кишвар лимити шадиди барқ ҷорӣ карда мешавад. Имсол лимит алакай аз поёни моҳи сентябр ҷорӣ карда шуд. Маъмулан ҳар сол лимит то нимаҳои моҳи апрел, яъне беш аз нисфи сол нигоҳ дошта мешавад ва ин ҳама муддат сокинони аксари минтақаҳои Тоҷикистон дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат ва он ҳам танҳо ду ило се соат субҳу ду ё се соат бегоҳ нирӯи барқ мегиранд.

Георгий Петров: «Работа Нурекской ГЭС – лучший аргумент в пользу  безопасности Рогуна»
Нурек+Рогун=Вечность - купить книгу в интернет магазине, автор Елена  Фёдорова - Ridero

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button