ОҲ АЗ ИН “АФҒОНБОД”! ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗҲОИ АВВАЛИ МОҲИ НОЯБР БОЗ ЗЕРИ ХОКБОРИШ МЕМОНАД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошинон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки тайи чанд рӯзи наздик дар қаламрави ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш пешбинӣ шудааст.
Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, то нисбат ба бемороне, ки аз маризиҳои дилу рагҳов а фишори баланди хун ранҷ мекашанд, таваҷҷуҳи бештар нишон диҳанд.
Кумитаим ҳамчунин аз ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ ва саёҳат бо мошину мотосиклу дучарха хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя кунанд, зеро хатари фурӯ рехтани сангҳо низ зиёд аст.
Дар солҳои охир дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус дар манотиқи ҷануб ва маркази ҷумҳурӣ, ҳолатҳои хокбориш зиёд шудааст. Хокбориш дар байни мардум ба далели манбаи вазиданаш бештар “боди афғонӣ” ё “афғонбод” ном бурда мешавад.
Ҳомиёни муҳити зист афзоиши ҳолатҳои хокборишро паёмади бераҳмона буридани дарахтон ва ҳатто боғу токзорҳои бузург дар солҳои 90 ва аввалҳои солҳои 2000-ум мешуморанд.
Аз асароти хокбориш ё афғонбод бештар онҳое, ки бемории қалб, ё фишори баланд ва ё астма (диққинафас) доранд ва ҳамчунин сокинони солхӯрда ранҷ мекашанд.