БОЗДОШТИ ЯКЕ АЗ ОНҲОЕ, КИ МОШИНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДАР БЕРЛИН БО ТУХМ ЗАДАНД (ВИДЕО)

Билол Қурбоналиев, як узви ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, ки дар ҳамлаи рӯзи 29 сентябри соли 2023 ба корвони мошинҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин иштирок дошт, рӯзи 24 октябр аз ҷониби пулиси Олмон дар шаҳри Зиндорф (Тсиндорф) дар шимоли устони Бавария бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои будубош дар ин кишвар дастгир шудааст ва инак як ҳафта боз дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ҳамсафонаш дар ташвишанд, ки ба Билол Қурбоналиев, ки дар байни аъзои ин гуруҳ бо номи “Усмон” маъруф аст, хатари ихроҷ аз Олмон ва ҳатто фиристоданаш ба Тоҷикистон таҳдид мекунад.
Убайдулло Саидӣ, сухангӯи “Гуруҳи 24” ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, боздошти Билол Қурбоналиев мустақиман ба иштирокаш дар эътирозҳои Берлин надорад, балки марбут ба қонунҳои муҳоҷират аст.
“Вале мо нигарон ҳастем, ки дар сурати ба Тоҷикистон баргардонданаш Билол Қурбоналиевро азобу шиканҷа ва ҳукми зиндони тӯлонӣ мунтазир аст, чунки дар эътирозҳо ба зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон ва дар амалиёти “тухмшапак” ба мошини ӯ фаъолона иштирок карда буд ва ин кор мақомоти Тоҷикистонро сахт нороҳат кардааст”, – гуфт Убайдулло Саидӣ.
Сухангӯи “Гуруҳи 24” афзуд, ки онҳо барои ҳимоят аз манфиатҳои Қурбоналиев адвокат гирифтаанд ва ҳоло талош доранд, то аз ихроҷи ӯ аз Олмон ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.
Билол Қурбоналиев (“Усмон”) ҳамчунин дар канали Drama.Tj, ки аз ҷониби “Гуруҳи 24” дар Ютуб роҳандозӣ шудааст, фаъолона иштирок дошт. Дар ин канал ҳунарпешаҳои ҳаваскор филмҳои кӯтоҳеро дар бораи чӣ гуна шиканҷа кардану ба эътирофи гуноҳҳои нокарда водор кардани боздоштшудагон дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ба саҳна мегузоштанд ва “Усмон” дар ин филмҳо асосан нақши қурбонии шиканҷаро бозӣ мекард.
“Усмон” замони дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш, ба барномаҳои “Гуруҳи 24” пайваста, фаъолона дар он барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекард ва баъдан аз тарси таъқиб аз Русия ба Украина рафт.
Моҳи феврали соли 2022, дар пайи ҳамлаи Русия ба хоки Украина, кишварҳои Аврупо ба миллионҳо сокини Украина паноҳ дод. Бар асоси ба истилоҳ “банди 24” хориҷиҳое, ки дар Украина қарор доштанд, низ имкони паноҳ овардан ба кишварҳои Аврупоро ба даст оварданд. “Усмон” бар асоси ҳамин “банди 24” аз Украина ба Олмон омад ва инҷо ба сар мебурд.
Вале баъдан Иттиҳоди Аврупо “банди 24”-ро бозбинӣ карда, имкони дарёфти паноҳандагӣ барои хориҷиҳои аз Украина ба Аврупо омадаро хеле маҳдуд кард.
“Усмон” барои дарёфти паноҳандагӣ дар Олмон ариза дода буд, вале идораи муҳоҷирати Олмон ахиран ин дархости ӯро рад кард.
Рӯзҳои 28 ва 29 сентябри соли ҷорӣ, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Олмон ба Берлин омада буд, мухолифони тоҷик ба зидди сафари ӯ як силсила эътирозҳо доир карданд. Рӯзи 29 сентябр ба чанде аз аъзои “Гуруҳи 24” муяссар шуд, ки бо тухм ба корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як кӯчаи Берлин ҳамла кунанд. Дар акси нашршуда аз мулоқоти ӯ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дида мешуд, ки ҳадди ақал як тухм ба тирезаи мошини Эмомалӣ Раҳмон расидааст.
Ин амали мухолифин мавҷи таъқиботи ба сари худ бесобиқаи наздиконашон дар Тоҷикистонро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти наздики 50 нафар аз хешовандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлин хабар доданд. Бархеи онҳоро барои чанд соат дастгир карда ва бархеашро чанд рӯз дар ҳабс нигоҳ доштанд. Мақомот баъди эътирозҳои Берлин ҳамчунин сими барқи манзилҳои хешовандони дастикам 4 тан аз фаъолони мухолифинро дар Восеъ, Фархор, Бохтар ва Ҳисор буриданд.