
Рӯзи 30 октябри соли 2023 Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҷаласаи навбатӣ бо масъулини соҳаи алоқа, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои Интернет, бонкҳову дигар муасссисаҳои молиявӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ниҳодҳои қудратиро баргузор кардааст. Бег Сабур дар ҷаласаи қаблӣ, ки 23 октябр доир шуд, бо ташкили як гуруҳи корӣ барои муайян кардани минтақаҳои Интернеташон заиф, беҳбуди таъмини аҳолӣ бо Интернет ва иҷрои фармони президент дар бораи гузариши пурраи ниҳодҳои давлатӣ ба пардохти ғайринақдӣ ба масъулин ва ширкатҳои интернетрасон як ҳафта вақт дода буд.
Аммо чунин ба назар мерасад, ки масъулин дар ин як ҳафтае, ки гузашт, роҳи дар шароити бебарқии ҳукмфармо дар аксари манотиқи Тоҷикистон, роҳҳои беҳбуди таъмини муассисаҳо ва мардум бо Интернет ва интиқоли бемамониати пардохтҳои ғайринақдиро пайдо карда натавонистаанд. Чунки дар иттилоияи расмии нашршуда дар сомонаи расмии Хадамоти алоқа гуфта мешавад, ки “мувофиқа шуд, ки василаҳои анҷом додани амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ бидуни интернет (!!!) коркард шавад.”
Дар ҷаласаи қаблӣ Бег Сабур аз мушкили дастрасии мардум ба Интернет ва алоқаи мобилӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Қаблан, моҳи декабри соли 2022 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз айни масъалаи дастрасии мардум ба Интернет ва суръати он дар кишвар бо лаҳни тунд интиқод карда, ба раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур, ки зимнан қудои президент низ ҳаст, барои ислоҳи камбудиҳо вақт дода буд.
Маълум нест, ки чаро Бег Сабур танҳо баъди 10 моҳи танқиди президент, танҳо баъди наздик омадани замони ироаи паёми навбатии солонаи ӯ, ба ислоҳи камбудиҳо иқдом кардааст?
Бино ба иттилоияи расмӣ, дар ҷаласаи рӯзи 30 октябр натиҷаҳои ҷаласаи як ҳафта қабл баррасӣ гардида, Бег Сабур ба масъулини соҳаи алоқа ва ширкатҳои мобилӣ супориш додааст, ки “норасоиву камбудиҳое, ки ҷиҳати таъмин намудани тамоми минтақаҳои кишвар бо алоқаи мобилӣ ва интернет ошкор гардидаанд, барои бартараф намудани онҳо корҳои амалӣ тезонида шуда, ба таври таъхирнопазир идома ёбанд”.
Ҳамчунин намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва ШСХК “Барқи Тоҷик” назару андешаҳои худро доир ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ бо мақсади беҳтар ҷорӣ кардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тезонидани ин раванд дар сатҳи маҳалҳо, таъмини доимии истгоҳҳои мавҷрасон дар ҳама фаслҳои сол бо нирӯи барқ ва дигар масъалаҳо иброз доштаанд ва зоҳиран роҳи “таъмини истгоҳҳои мавҷрасон дар ҳама фаслҳои сол бо нирӯи барқ”-ро пайдо накардаанд, ки дар ин ҷаласа мувофиқа шудааст, ки “василаҳои анҷом додани амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ бидуни интернет коркард шавад”. Ҳамзамон мувофиқа гардидааст, ки бо мақсади муштаракан баррасӣ ва бартараф намудани масъалаҳои марбута вохӯриҳо миёни намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳову дигар муассисаҳои молиявӣ то расидан ба натиҷаи дилхоҳ идома ёфта, чунин вохӯриҳои намояндагони ширкатҳои мобилӣ бо дигар ниҳодҳои марбута низ баргузор карда шавад.
Бег Сабур дар ин ҷаласа аз намояндагони ниҳодҳои масъул даъват намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва фармони президент аз 22 июни соли ҷорӣ “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро назорат кунанд. Тибқи ин фармон, бояд алакай аз 1 август тамоми пардохтҳо ба муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла боҷу хироҷу андозҳо ба сурати ғайринақдӣ ба роҳ монда мешуд, вале соҳибкорон аз ноҳияҳои мухталиф мегӯянд, ки то ҳол ба ҳамон усули “классикӣ”, яъне бо супурдани пули нақд ба дасти доруғаҳои идораи андоз ҳисобҳои худро баробар мекунанд.
Бег Сабур, ки 61 сол дорад ва қудои президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳаст, аз соли 2003, инак 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад. Мунтақидон тарзи раҳбарии ӯву тимашро як мониаи умда дар роҳи рушди алоқаи мобил ва Интернет дар кишвар мешуморанд ва мегӯянд, кайҳо фурсате фаро расидааст, ки раҳбарии ин ниҳоди муҳим ва манбаи умдаи таъмини буҷаи кишварро ба дасти нафарони ҳадди ақал огоҳ аз донишҳои муосир бисупоранд.