АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

АЗ ДОКТОР АБДУЛЛОҲУ КАРЗАЙ ТО МАСЪУД: ДАЪВАТИ МУХОЛИФОНИ РЕЖИМИ ТОЛИБОН БА МАСКАВ

Як идда аз роҳбарони сиёсии мухолифи режими Толибон, аз ҷумла раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Шӯрои муқовимат барои наҷоти Афғонистон моҳи ноябр ба як нишаст дар шаҳри Маскав даъват карда шудаанд. Ин нишаст аз ҷониби Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия доир карда мешавад ва қарор аст, дар он вакилони Дума ва ҳамчунин намояндагони вазорати корҳои хориҷии Русия иштирок кунанд.

Бино ба иттилои шабакаи “Afganistan International” дар рӯйхатти афроди даъватшуда ба нишасти Маскав, ки манобеаш як нусхаи ин рӯйхатро дар ихтиёри ин расона низ қарор додаанд, ба пойтахти Русия аз ҷумла Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти қаблии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳа ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон даъват шудаанд.

Инчунин, аз дигар шахсиятҳои шинохта дар байни даъватшудагон ба ҳамоиши Маскав Фазл Аҳмад Маънавӣ, Маҳмуди Сайқал, Муҳаммад Алам Эзидёр, Аҳмадвалӣ Масъуд, Баҳоуддин Ҷилонӣ, Машкур Кобулӣ, Халили Андаробӣ, Залмай Юнисӣ, Сайид Боқири Муҳсинӣ, Мунир Тарахел, Атиқуллоҳ Барёлай, Додуллоҳ Қонеъ, Шамсуллоҳ Ориёнфар ва бо шуморе дигар аз мухолифини режими Толибон ҳастанд.

Аммо ба гуфтаи манобеи огоҳ, чанде дигар аз раҳбарони муқовимат, аз ҷумла вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон Салоҳиддини Раббонӣ ва Муҳаммад Муҳаққиқ, як раҳбари аршади ҳазораҳо аз иштирок дар нишасти Маскав худдорӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ҷунбиши тундрави Толибон  моҳи августи соли 2021 бо истифода аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ҳукумати таҳти ҳимояти ин эътилофро сарнагун карда, қудратро ба дасти худ гирифт. Русия дар оғоз нисбат ба Толибон рӯи хуш нишон медод ва аз аввалин кишварҳое буд, ки сафираш бо намояндагони “Аморати исломӣ”, режими сохтаи Толибон тамос барқарор кард ва ҳам дар Маскав дипломатҳои ҳукумати қаблии Афғонистонро аз сафорати ин кишвар берун андохта, умури сафоратро ба дасти намояндаи Толибон доданд.

Аммо бо гузашти ду сол, тавре ба назар мерасад, Маскав аз ноил нашуданаш ба хостҳои худ аз режими Толибон дилсард шудааст ва вақтҳои охир ба мухолифони мусаллаҳи Толибон, ки қаблан ба онҳо мутлақан пушт гардонда буд, акнун кам кам рӯ оварда истодааст.

Аз ҷумла моҳи августи соли 2023 якбора раҳбарони ду гуруҳи умдаи мухолифони мусаллаҳи Толибон: Зиё Ёсин, роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон  дар аввали моҳ ва Аҳмади Масъуд, раҳбари  Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар поёни август аз Маскав боздид карданд. Ҳамон вақт Сергей Миронов, раиси Ҳизби Русияи боадолат ва вакили Думаи давлатии Русия дар мулоқоташ бо Аҳмад Масъуд гуфта буд, ки дар тирамоҳи соли 2023  Думаи давлатӣ як ҳамоиши густардаеро пиромуни Афғонистон баргузор мекунад ва Аҳмад Масъудро ҳам даъват хоҳад кард.

Русия чанде пеш дар шаҳри Қазон мизбони нишасти масоили Афғонистон дар чорчӯби “формати Маскав шуда буд. Дар нишасти Қазон намояндагони режими Толибон ба раҳбарии вазири хориҷааш Амирхон Муттакӣ иштирок доштанд.

Аммо маълум нест, ки дар нишасти моҳи ноябр танҳо мухолифони режими Толибон даъват шудаанд ваё дар канори онҳо, ҳокимони имрӯзаи Афғонистон низ ба Маскав хоҳанд омад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button