ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

АМРИКО ДУ РУСУ ЯК ТОҶИКРО БА СОДИРОТИ МОЛҲОИ МАМНӮЪ БА КОРХОНАҲОИ ҲАРБИИ РУСИЯ АЙБОР КАРД

Мақомоти Амрико се нафар: шаҳрвандони Русияву Канада Николай Голтсев ва Кристина Пузирёва ва шаҳрванди Русияву Тоҷикистон Салимҷон Насриддиновро ба пушти по задани таҳримоти ба зидди Русия ҷоришуда ва содироти ғайриқонунии фановариҳои навин барои корхонаҳои ҳарбии Русия, аз ҷумла ба корхонаҳои марбут ба вазорати мудофиаи он кишвар ба маблағи даҳҳо миллион доллар айдор мекунанд. Худи дастгиршудагон ва адвокатҳои онҳо ҳанӯз изҳори назар накардаанд, вале тафтишот мегӯяд, бархе аз маҳсулоти ба Русия фиристодаи ин сегона дар ҷанги зидди Украина истифода шудаанд.

Зодаи Панҷакенти Тоҷикистон Салимҷон Насриддинов, ки дар минтақаи Бруклини шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ мекард, субҳи сешанбе, 31 октябри соли 2023 дастгир шуд. Голтсев ва Пузирёва, ки барои мулоқот бо Салимҷон Насриддинов ба  Ню-Йорк омада буданд, низ субҳи сешанбе дар як меҳмонхона дар минтақаи Манҳеттен ба ҳабс гирифта шуданд.

Ин се нафар ба он айбдор мешаванд, ки бо мақсади бо маҳсулоти барояшон ҳаётан муҳим таъмин кардани корхонаҳои ҳарбии таҳти таҳримот қароргирифтаи Русия як шабакаи ҷаҳонии хариди молҳои фурӯшашон ба Русия мамнӯъро ташкил додаанд.

Додситони кулли Амрико Брион Пис (Breon Peace) дар шарҳи ин парванда дар як изҳорот гуфт: “Гумон меравад, ки айбдоршавандагон таҳримотро пушти по зада, ба Русия таҷҳизоти барои силоҳҳои дақиқтарини он кишвар хеле муҳимро фиристодаанд ва бархеи ин маҳсулот дар ҷанги зидди Украина истифода шудааст”.

Иван Арвело, агенти махсуси парвандаҳои марбут ба амнияти миллӣ дар Ню-Йорк изҳор дошт, ки “айбдоршавандаҳо барои ҳимоят аз Кремя дар ҷангаш ба зидди Украина ғайриқонунӣ ба маблағи миллионҳо доллар ба Русия маҳсулоти электронӣ равон кардаанд”.

Бино ба фарзияи тафтишот, ин сегона барои амалӣ сохтани кори худ асосан аз ду ширкати дар Бруклин сабтиномшуда истифода мебурданд ва “танҳо тавассути ширкати “SH Brothers” ба маблағи беш аз 7 миллион доллар ба Русия молҳои мамнӯъ фиристода шудааст”. Гуфта мешавад, ки ин маҳсулот баъдан барои муҷаҳҳаз гардондани мушакҳо, чархболҳо ва тонкҳои ҷангии артиши Русия истифода мешуданд ва бархе намунаҳояш ҳатто дар силоҳҳои русии дар Украина мусодирашуда ёфт шудааст.

Дар маводи парванда таъкид шудааст, ки “Голтсев ва Насриддинов медонистанд, ки маҳсулоти электроние, ки онҳо мефиристанд, бо ҳадафҳои ҳарбӣ истифода мешавад. Дар мукотибаашон дар рӯзи 23 феврали соли 2023, ки дар Русия ва бархе қисматҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун рӯзи артиш ҷашн гирифта мешавад,  Насриддинов ба Голтсев навиштааст: ”Рӯзи ҳимоятгари Ватан муборак!” Насриддинов дар поёни ин табрикнома акси интиқоли пулҳо дар ҳисоби бонкии ширкати ”SH Brothers”-ро часпондааст. Голтсев ҳам посух додааст ки:  ”Иди ту ҳам муборак, дӯстам. Мо Ватанро чӣ хеле ки метавонем, ҳимоя карда истодаем…”

Голтсев дар поёни ин паёмаш маънидорона смайлики табассумро часпондааст.

Салимҷон Насриддинов 53 сол дорад. Ӯ зодаи Панҷакент ва дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буда, дар миёнаҳои солҳои 90 барои таҳсил дар аспирантураи МАДИ (Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскав) ба пойтахти Русия омад ва баъди хатми таҳсил дар Маскав монда, дар инҷо ба фаъолиятҳои илмӣ ва тиҷорат машғул буд. Чанд сол пеш Салимҷон Насриддинов ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба Амрико кӯчид ва дар Ню-Йорк кору зиндагӣ дошт.

Намояндагони ҷамъияти тоҷикони Амрико Салимҷон Насриддиновро ҳамчун як марди меҳрубону ҳалим ва муаддаб тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ки дар тақрибан ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҷамъият фаъолона иштирок мекарданд. Онҳо дар ҳайратанд, ки Салимҷон Насриддинов чӣ гуна ба доми чунин муомилаҳои машкук афтодааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button