Рӯзи 23 октяби соли 2023 Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ аз мушкили дастрасии мардум ба Интернет ва алоқаи мобилӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Бино ба гузориши расмӣ аз ин ҷаласа, ки сомонаи расмии Хадамоти алоқа нашр кард, барои муайян кардани минтақаҳои дастрасиашон ба Интернет заиф як гуруҳи корӣ ташкил шуд ва Бег Сабур ба ин гуруҳ барои муайян кардани чунин минтақаҳо як ҳафта вақт дода, хостори боз ҳам арзонтар кардану боло бурдани сифати Интернет ва алоқаи мобил барои сокинон шудааст. Ин дар ҳолест, ки 23 декабри соли 2022 ҳангоми ироаи паёми солонааш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз худи Бег Сабур бо як лаҳни тунд интиқод карда, ба ӯ барои таъмини кишвар бо Интернети арзону босуръат вақт дода буд.
Бег Сабур, ки 61 сол дорад ва қудои президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳаст, аз соли 2003, инак 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад. Мунтақидон тарзи раҳбарии ӯву тимашро як мониаи умда дар роҳи рушди алоқаи мобил ва Интернет дар кишвар мешуморанд.
Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи Хадамоти алоқа, дар мулоқоти Бег Сабур бо провайдерҳо масоили марбут ба иҷрои супориши президент Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва иҷрои фармони президент аз 22 июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Бег Сабур таъкид кардааст, ки тезонидани раванди гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини дастрасии комили шаҳрвандон бо интернети баландсуръат дар авлавияти фаъолияти Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ қарор дошта, ҳама бояд бо дарки масъулият ҳарчӣ зудтар камбудиҳои вуҷуддоштаро бартараф намоянд. Бег Сабур гуфтааст, ки таъмини дастрасии сокинони тамоми минтақаҳои кишвар бо интернет, тақвияти инфросохторӣ дар низоми бонкӣ ҷиҳати пешниҳоди механизми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ аз тариқи ғайринақдӣ, таъмини истогоҳҳои мавҷӣ бо барқи доимӣ аз масъалаҳоест, ки таваҷҷуҳ ва талошҳои доимӣ мехоҳанд. Дар ин замина ӯ ба масъулин супориш додаст, ки ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои моливиро беш аз пеш тақвият дода, мушкилоту монеаҳо дар сатҳи ҷамоату деҳаҳо бартараф карда шаванд.
Ҳамчунин бо мақсади муайян намудани тамоми минтақаҳое, ки дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар он заиф мебошад, аз ҳисоби масъудини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Гурӯҳи корӣ вазифадор гардид, ки дар давоми як ҳафта ҳисоботи мукаммал ба Хадамот пешниҳод шавад. Бег Сабур аз масъулин хосаастт, ки пас аз пурра муайян гардидани ин гуна минтақаҳо, мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф шавад.
Масъалаи дигар, бо фаро расидани фасли зимистон таъмини доимии истигоҳҳо мавҷи алоқаи мобилӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат буд. Тавре дар вохӯрӣ зикр гардид, дар ин замина аз муштариён арзу шикоятҳои зиёд мерасад. Сокинон аз он шикоят доранд, ки баробари қатъ шудани интиқоли барқ мавҷгирҳои ширкатҳои мобил низ аз кор мебароянд ва онҳо нафақат аз Интернет, балки ҳатто аз дастрасӣ ба алоқаи мобил маҳрум мешванд.
Дар ин маврид ҳамкории зич бо “Барқи тоҷик” зарур дониста шуда, ширкатҳои мобилӣ муваззаф шуданд, ки тамоми талошҳоро ба харҷ диҳанд, то аҳолӣ дар фасли сармо низ шабонарӯз бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин бошанд.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ чораҳои амалишуда доир ба арзон намудани нархи интернет ва зангҳои телефонӣ, ҳамчунин баланд намудани сатҳу сифати он, ки аз талабҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш буд, баррасӣ шудааст. Гуфта шуд, ки ҳарчанд то имрӯз нархи интернет ва зангҳои телефонӣ арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда нест. Бег Сабур дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш додааст, ки ҷиҳати боз ҳам арзонтар кардани нархҳо ҷиддан талош намоянд.
Дар охир Бег Сабур ба масъулин ҳидоят додааст, ки ҷиҳати расидагӣ ба арзу шикояти муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет аз тамоми гӯшаву канори кишвар чораҳои қатъӣ андешанд.