ВИДЕО: БА ГУЛБАРГ АКОБИРОВА БАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗАШ 51 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ТАҲДИД МЕКУНАД

Гулбарг Акобирова, фурӯшандаи мағозаи “Абдулазиз” дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ба он айбдор мешавад, ки санаи 13 сентябри соли 2023 зодрӯзи 36-уми худро ботантана дар дохили мағозааш бо ташкили дастурхони пур аз нозу неъмат ва даъвати ҳамкоронаш гузарондааст. Дар сабтҳои видеоие, ки хадамоти матбуоти РВКД вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” нашр кард, дида мешавад, ки дар дохили мағоза мизи калоне гузошта, болои он ғизову шириниҳои гуногун, аз ҷумла торт гузоштаанд ва дар девори мағоза лавҳаҳои “Зодрӯз муборак!” насб карда шудааст. Дар навор ҳамчунин дида мешавад, ки ба ҷашни зодрӯзи Гулбарг Акобирова тақрибан 15 нафар, ҳамагӣ занону духтарон даъват шудаанд ва баробари ба мағоза даромадану ҷашнро вайрон кардани кормандони мақомот, аксари меҳмонон аз курсиҳои худ шитобон бархоста, кӯшиш мекунанд, ки рӯ ба фирор биоранд.
Ин дар ҳолест, ки моддаи 8 қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 қабул шуда, соли 2017 талаботаш боз ҳам шадидтар карда шуд, таҷлили ҷашни зодрӯзро танҳо дар доираи оила иҷозат медиҳад. Шаҳрвандон бар асоси ин банди қонун ҳақ надоранд ба зодрӯзи худ ҳатто дӯстону дугонаҳо ваё ҳамкорону ҳамкасбони худро даъват кунанд.
Қисми дуюми моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои вайрон кардани ин банди қонуни танзим аз ҷониби соҳибкорон, ходимон ва уламои дин ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне баробар бо 51 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 4600 долларро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, Акбар Шарифӣ, суқхангӯи РВКД вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” аз ошкор шудани боз як ҳолати вайрон кардани қонуни танзим дар шаҳри Ғафуров хабар дод.
Гуфта мешавад, сокини ин шаҳр Ҷасурбек Зуҳуров санаи 16 сентябр дар хонааш хатнасӯри фарзандашро бо оростани дастурхони пурнозунеъмат, пухтани 3 дег таом ва даъвати беш аз 150 меҳмон гузарондааст. Ин дар ҳолест, ки қонуни танзим гузарондани хатнасӯрро танҳо дар доираи оила иҷозат медиҳад.
Ба шаҳрванд Зуҳуров барои ин ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне баробар бо 7480 сомонӣ, ё наздики 700 доллар таҳдид мекунад.
Маҳдуд кардани ҷашни зодрӯз ва маъракаҳои дигаре, чун хатнасӯр аз силсилаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.
Аммо мақомот аз тасмими танзими маросимҳо, аз ҷумла қонунан маҳдуд кардани таҷлили зодрӯзи шаҳрвандон, ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд. Ба ақидаи мақомот, ин маҳдудиятҳо ба мардум имкон медиҳад, ки пулашонро сарфа карда, ба ҷои исрофи беҳуда дар ҷашни зодрӯз ё хатнасӯр барои рафъи ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон харҷ кунанд.


