ТАРКИШИ САХТ ДАР ФУРУДГОҲИ ТОШКАНД ЧАНДИН ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ (ВИДЕО)

Наздикии соати сеи шаби 28 сентябри соли 2023 дар яке аз анборҳо дар назди фурудгоҳи шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон таркиши сангин ба амал омада, ба сӯхтор печид. Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки аз маҳалли таркиш ба ҳаво алангаи дуду оташ баланд мешавад ва бар асари таркиш шишаҳои тирезаҳои хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи фурудгоҳ фурӯ мерезанд. Ба мусофирони як ҳавопаймо низ муяссар шудааст, ки ҳангоми аз фурудгоҳи Тошканд ба ҳаво баланд шудани ҳавопаймояшон миқёс ва доманаи сӯхтор дар фурудгоҳро ба навор бигиранд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки таркиш ва сӯхтор дар анборҳои марбут ба ширкати “Интер Лоҷистикс” дар маҳаллаи “Строител” дар ноҳияи Сергелиии шаҳри Тошканд рух додааст. Бино ба иттилои ин ниҳод, хабар дар бораи ин ҳодиса ба дасти онҳо соати 02:43 расид. Ба сӯхторнишонон муяссар шудааст, ки сӯхторро танҳо соати 05:02 хомӯш кунанд. Дар фурӯ нишондани сӯхтор 16 мошини сӯхторнишонӣ иштирок кардаанд.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки бар асари таркишу сӯхтор дар фурудгоҳи Тошканд чандин нафар осеб дидаанд. Вале ин ниҳод ҳанӯз дар бораи шумораи захмиён рақами мушаххасеро нагуфтааст.
Ҳодисаи охир ба фаъолияти фурудгоҳи Тошканд таъсир нарасондааст. Ширкати “Uzbekistan Airports” хабар дод, ки “фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд” бидуни ягон маҳдудият бо реҷаи маъмулӣ кор мекунад”.
Масъулони метрои Тошканд тасдиқ карданд, ки бар асари таркиш қисмати берунаи истгоҳи “Қурувчилар” дар хатти рӯизаминии метро осеб дидааст, вале ин ҳодиса ба ҳаракати қаторҳои метро дар пойтахти Ӯзбекистон таъсир накардааст.
Мақомот дар бораи ин ҳодиса тафсилоти дигaр намедиҳанд ва танҳо ин ибораи маъмулиро истифода мекунанд ки: “Сабабҳои таркиш муайян карда мешаванд, тафтишот идома дорад”.
Вале Telegram-канали русии Mash хабар дод, ки як сабаби эҳтимолии таркиш дар фурудгоҳи Тошканд метавонанд аккумуляторҳо барои электромобилҳо, яъне мошинҳои барқӣ бошанд. Дар анборе, ки таркиду сипас сӯхт, ба иттилои ин канал, мошинҳои барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии чунин мошинҳо нигоҳ дошта мешуд. Mash хабар дод, ки бар асари таркиши сангин аз анбор тақрибан чизе боқӣ намондааст.
Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони масъул ба ҷои ҳодиса омадаанд. Ба сокиноне, ки манзилҳояшон дар ин ҳодиса осеб дидаанд, ваъдаи ҷуброн додаанд.

