ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ПОЛКОВНИКИ ДАР ҚАРОБОҒ КУШТАШУДА ТАҒОЙМУРОД ҚАРАЕВРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ХОК МЕСУПОРАНД

Полковники 52-солаи зодаи Тоҷикистон Тағоймуродо Қараевро, ки дар ҳайъати нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи кӯҳӣ хидмат мекард ва рӯзи 20 сентябри соли 2023 кушта шуд, рӯзи 28 сентябр ба шаҳри Екатеринбурги Русия меоранд.  Дар ин бора ба наздикони полковник Қараев дар Ҳавзаи ҳарбии марказии артиши Русия хабар додаанд.

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Е1.РУ, рӯзи 29 сентябр дар Екатеринбург маросими видоъ бо полковник Қараев баргузор мешавад ва баъди ин маросим хешовандонаш ҷанозаи Тағоймурод Қараевро ба Тоҷикистон бурда, дар Ватанаш тибқи русуми мусулмонӣ ба хок месупоранд.

Полковник Тағоймурод Қараев бо ҳамяроқонаш рӯзи 20 сентябр дар ҷараёни ташаннуҷи вазъӣ дар Қаробоғи кӯҳӣ кушта шуданд. Мошини онҳо дар як минтақаи баҳсӣ ҳадафи тирборон аз ҷониби нирӯҳои Озарбойҷон қарор гирифт. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барои ҳалокати ҳарбиёни рус аз президенти Русия Владимир Путин расман узр хост ва ваъда дод, ки ин қазияро тафтиш хоҳанд кард. Дар робита ба марги ҳарбиёни рус мақомоти Русия низ парванда кушодаанд.

Додситонии кулли Озарбойҷон расман аз кушта шудани 6 ҳарбии рус дар ҷараёни муноқишаҳои ахири мусаллаҳона дар Қаробоғи кӯҳӣ хабар дод. 5 нафари онҳо, аз ҷумла полковник Қараевро нирӯҳои озарӣ барои он тирборон кардаанд, ки мошини онҳоро аз ҷудоиталабони арманӣ гумон кардаанд. Як сарбози дигари рус дар ҷараёни тирпаррониҳо аз ҷониби нирӯҳои ҷудоиталабони арман кушта шудааст.

Овардани ҷанозаи полковник Қараев аз Қаробоғ ба далели беназмӣ ва дар муҳосираи иттилоотӣ қарор доштани ин минтиқа чунин тӯл кашид. Ба гуфтаи хешовандонаш, онҳо тайи чанд рӯз натавонистанд ҳатто дар куҷо будани ҷанозаи ӯро муайян кунанд. Танҳо ахиран аз ҳавзаи ҳарбии марказии артиши Русия ба онҳо хабар додаанд, ки ҷасади полковники кушташударо рӯзи панҷшанбе, 28 сентябр ба Екатеринбург меоранд.

Тағоймурод Қараев соли 1971 дар Тоҷикистон ба дунё омада, солҳои зиёде дар дивизияи 201-уми савораи тирандози артиши Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар шудааст, хидмат кардааст. Ин дивизия соли 2004 ба пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон табдили ном кард. 

Тағоймурод Қараев солҳои охир дар вилояти Свердловск хидмат мекард ва то ба мақоми муовини фармондеҳи бригадаи алоҳидаи 29-уми нирӯҳои дифоъи радиатсионию кимиёвӣ ва биологӣ (РХБЗ) расида буд. Ӯ дар ин бригада муовини фармондеҳ оид ба тарбияи сиёсӣ, ё ба таъбири роиҷтар, “политрук” буд.

“Ӯ як инсони ҳалиму меҳрубон, поквиҷдон ва шарифе буд, бо тамоми вуҷудаш афсар буд, Аз рӯи виҷдон хидмат мекард, ба ҳама беғаразона дасти кумак мерасонд, Барои сарбозон мисли падар буд”, — нақл кардааст дар суҳбат бо нашрияи УРА.РУ  як ҳамхидмати полковник Қараев.

“Чунин фармондеҳро ман ҳеҷ гоҳ вонахӯрдаам. Гурусна бошӣ, серат мекунад, дарди диле дошта бошӣ, гӯшат меандозад, муҳтоҷи кумак бошӣ, кумакашро дареғ намедорад. Инсоне бо як дили хеле бузург буд”, — нақл кардааст як сарбози дигар дар бораи политрук Қараев.

Полковник Қараев дар умум беш аз 30 сол дар артиши Русия хидмат карда, чандин бор ба нуқтаҳои доғ сафарбар шуда буд. Ӯ ҳамагӣ 52 сол дошт.

Вилояти аксаран арманинишини Қаробоғи кӯҳӣ ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон карда буд. Нирӯҳои Озарбойҷон рӯзи 19 сентябри соли 2023 амалиёти ҳарбиеро дар Қаробоғ ба роҳ андохтанд, ки бино ба ҳисоби Боку, аз ҷониби нирӯҳои озарӣ 192 кушта ба ҷо гузошт. Вале ба Боку муяссар шуд, ки дар натиҷаи ин амалиёт нирӯҳои ҷудоиталабони Қаробоғро ба таслим шудан водор карда, ин вилоятро зери назорати худ баргардонад.

После прощания в Екатеринбурге офицера похоронят в Таджикистане

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button