ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ОЛМОН РАФТ, МУХОЛИФИНИ ТОҶИК БА ЭЪТИРОЗ ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 28 сентябри соли 2023 ба Олмон сафар кард. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба манзури иштирок дар нишасти сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба Олмон рафтааст ва ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар бораи мавзӯи мулоқоти сарони Олмон ва Осиёи Марказӣ тафсилоте дода нашудааст. Қаблан дафтари президенти Олмон Франк-Валтер Штейнмайер хабар дод, ки нахустин мулоқот дар сатҳи президентҳои Олмон ва Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон субҳи 29 сентябр дар қароргоҳи президенти Олмон дар шаҳри Берлин баргузор мешавад.

 Мулоқоти президенти Олмон бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамагӣ чанд рӯз баъди айни мулоқоти президенти Амрико бо сарони кишварҳои ин минтақа сурат мегирад. Ҷо Байден бо раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дидор дошт.

Тафсилоти он дидори Байден ва сарони Осиёи Марказӣ ва натиҷаҳояш то ҳол нашр нашудааст. Вале коршиносон дидорҳои паиҳами сарони кишварҳои ғарбӣ бо роҳбарони Осиёи Марказиро ба чанд масъала, аз ҷумла ҷанги Русия ба зидди Украина, ба қудрат расидани ҳаракати тундрави Толибон дар Афғонистон ва нуфузҷӯиҳои афзояндаи Хитой дар ин минтақаи аз лиҳози стратегӣ ва геополитикӣ муҳиму ҳассос рабт медиҳанд. Кишварҳои Ғарбро бахусус кӯшишҳои Русия барои бо кумак ваё аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ пушти по задани таҳримҳои ба зиддаш эълоншуда сахт ба ташвиш овардааст.

Коршиносон бар ин боваранд, ки кишварҳои Ғарб метавонанд  давлатҳои Осиёи Марказиро ба худдорӣ варзидан аз ҳар навъ ҳимоят аз Русия даъват карда, дар иваз ба онҳо имтиёзҳои ҷиддӣ, аз ҷумла кумаку сармоягузориҳои саршори молиявӣ пешниҳод кунанд. Таҳлилгарони тоҷик дар ҳайъати расмии Тоҷикистон ҳамроҳи президент ба Олмон рафтани вазирони саноату молия ва ёрдамчии президент дар масоили иқтисодиро аз ҳамин зовия арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, мухолифони сиёсии чанде аз ҳукуматҳои кунунии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мухолифини тоҷик, ӯзбек ва туркман, ки дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд, изҳор доштанд, ки дар рӯзи баргузории ин мулоқот дар Берлин намоишҳои эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Паймони миллии Тоҷикистон ва “Гуруҳи 24”, ду ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯъ аз азми худ барои баргузории эътирози муштарак дар рӯзи сафари президент Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд. Дар сурати баргузор шуданаш, ин нахустин иқдоми муштараки ин ду гуруҳи оппозитсияи тоҷик дар Аврупо хоҳад шуд. То кунун “Гуруҳи 24” усулан аз Паймони миллӣ ва дигар гуруҳҳои мухолифин ҳамеша фосила мегирифт.

Салим Султонзода, сухангӯи ҷадиди Паймони миллӣ, рӯзи 28 сентябр ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки онҳо барои баргузории эътирози худ алакай расман иҷозат гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Ҳамадонӣ Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    “Бомдод” 5-рӯз танаффӯс (эълонношуда) муборак бошад, умедворем сиҳату саломат бошед!
    Сомонаи хабарии тақлидгари эронии кабирӣ (паёмнет) ба шарафи ташрифи эмомалӣ ба олмон се рӯз аст, ки масдуд (blocked) аст. Фермаи ҷавоб ё лашкари Кумитаи амнияти ҳукумат (КГБ) барои тазоҳуроти мухолифин кофӣ аст. Эмомалӣ аз чунин тазоҳуротҳо ба истилоҳ “абрӯяш хам” нахоҳад шуд, чун эмомалӣ медонад, ки кабирӣ мисли худаш як худхоҳу худписанд ва “фальшивый” аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button