ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 25-27 СЕНТЯБР
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ҳалокати боз 6 нафар дар 5 садамаи рӯзҳои 25, 26 ва 27 сентябри соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод.
Аз ҷумла субҳи 27-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 05:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел Зафира”, Абдуҳамидов Олимҷон Абдулғаниевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард Солиҳов Муродхӯҷа Мизробович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шаби 26-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 23:10, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-2110”, Ахмедов Фирдавс Қурбонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Нуробод ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, мошинашро ба чуқурии тахминан 65-70-метр ба дарёчаи Кундалаи шаҳри Роғун чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш Ахмедов Сорбон Каримович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамон ҷо, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин, бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шоми 25-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи мошини тамғаи “Дэу-Нексия”, Меликов Носир Нуриддинович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Содиқов Беҳрӯз Абдуғафорович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Содиқов Б.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
25-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Худойбердиев Имомалӣ Суҳробҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Чуянчии ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ мошинро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур, Абдуҷалилзода Хушнуд, соли таваллудаш 2002, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ва субҳи 26-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 07:00, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай-Соната», Мамарасулов Раҳимҷон Тӯйчибоевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми дар ҳолати мастӣ рондани мошин дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Душанбе-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири ин мошин Расулов Отабек, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд.
11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.
Ҳамчунин шаби 8 сентябр бар асари ба мошини боркаши “Долун” бархӯрдани “Тойота Камри” дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини сабукрав бо ду фарзандаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 узви дигари оилаи ӯ: модар, ҳамсар ва се фарзандаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

