ҒОРАТИ ТЕЛЕФОНҲОИ ДУ КӮДАК ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “ДЕҲҚОН” ВА ДУЗДИИ 12 ҲАЗОР АЗ ЯК ХОНА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2023
Бо ғоратгарӣ аз хурдсолон гирифтани телефонҳои мобилӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми сентябри соли 2023, марди 28-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар назди КВД бозори «Деҳқон»-и шаҳри Душанбе аз дохили автомашинаи шахсиаш аз дасти писарчаи хурдсолаш, бо роҳи ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи «ПОКО», ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин, гумонбаршаванда санаи 3-юми сентябри соли 2023, дар назди КВД бозори «Деҳқон»-и шаҳри Душанбе аз дохили автомашинаи шахсиии марди 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб, тамғаи «Тойота», аз дасти писарчаи хурдсолаш, бо роҳи ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-А21», ки арзишаш 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ҳодисаи дуздии маблағ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 17:00, ноболиғи 15-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Бо роҳи фиреб содир намудани ҷинояти қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2023, зани 30-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар чанд марҳила ба маблағи 114 ҳазору 848 сомонӣ маҳсулоти атриётӣ, 1-адад бастаи ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва лавозимоти ороишдиҳандаи занонаро гирифта, қисман мабалағҳоро баргардонида, боқимонда маблағҳояшро то ҳол барнагардонидааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ба маблағи 94 ҳазору 600 сомонӣ зарар расонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2019, марди 46-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ бо баҳонаи фурӯхтани маҳсулоти меваю сабзавот як миқдор маҳсулоти мевагиро ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ савдо карда гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз фурӯхтан маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол мабалағҳояшоро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

