ВидеоИқтисодТоҷикистон

“БАРҚИ ТОҶИК” ЭЪТИРОФ КАРД, КИ ДАР ҶУМҲУРӢ ЛИМИТИ БАРҚ ҶОРӢ ШУДААСТ

Дар пайи шикоятҳои фаровони сокинон аз қатъи интиқоли барқ дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 28 сентябри соли 2023 бо нашри як муроҷиатномаи вижа ба муштаринёни нирӯи барқ ҷорӣ шудани лимити барқро дар ҷумҳурӣ эътироф кард.

Дар Тоҷикистон тақрибан ҳар сол аз моҳи октябр дар роҳи таъмини мардум ва корхонаҳо бо нирӯи барқ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешуд ва мақомоти “Барқи Тоҷик” ҳар сол ин маҳдудиятҳоро ба камобӣ дар обанборҳои нирӯгоҳҳо  ва зарурати анҷоми корҳои профилактикӣ дар пешорӯи зимистон бастагӣ медоданд. Аммо ба фарқ аз солҳои қаблӣ, имсол маҳдудиятҳо алакай аз даҳаи сеюми моҳи сентябр, яъне хеле барвақттар ҷорӣ карда шуданд.

Дар ин муроҷиатнома, ки дар сомонаи расмии “Барқи Тоҷик” нашр шуд, “Барқи Тоҷик” эътироф кардааст, ки ҳар сол “бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон бар асари хунук шудани ҳарорати ҳаво камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин, сол ба сол зиёд шудани талаботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба неруи барқ норасоии мавсимии неруи барқро ба миён меорад”. Чунин вазъият, афзудааст ширкат, талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

“Барқи Тоҷик” менависад, ки дар ҳоли ҳозир, манбаи асосии захираи обу энергетикии кишвари мо, яъне обанбори НБО-и Норак то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст. Вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст.

“Вобаста ба ин, аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа соли ҷорӣ низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ карда шудааст ва вазъи пешгӯишуда танзими реҷаи истифодаи захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии кишвар ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд”, изҳор доштааст “Барқи Тоҷик”.

Мушкили дигар, гуфта мешавад дар муроҷиатнома, анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо ба хотири  таъмини беҳтари барқ дар мавсими сармост ва “аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд”.

Ба ақидаи муаллифони муроҷиатнома, амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хубтар омода карда шаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо неруи барқ истифода гардад.

Дар муроҷиатнома таъкид шудааст, ки ширкатҳои «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд, вале “захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд”.

Тоҷикистон инак чанд даҳсола боз дар ҳар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди шадиди нирӯи барқ гирифтор мешавад ва аз моҳи октябр то апрел ба сокинони манотиқи деҳоти ин кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд. Мақомот мардумро умедвор карда буданд, ки баъди ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар кишвар тамом мешавад. Соли 2018 дар пайи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали Роғун президент Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамаро итминони хотир дода буд, ки афсонаи лимити барқ дар Тоҷикистон бо ҳамин моли таърих шуд. Вале бо вуҷуди ба кор даромадани алакай ду чархаи нирӯгоҳи Роғун  камбуди нирӯи барқ дар кишвар ҳамчунон эҳсос мешавад. Бахусус дар фасли сармо.

Дар ҳоле ки мақомот афзоиши талабот ба нирӯи барқро сабаби лимит меноманд, бисёриҳо бар инанд, ки сабабгори камбуди нирӯи барқ ба хориҷ, аз ҷумла ба Афғонистон фурӯхтани он аст.

МУРОҶИАТНОМАИ

ҶАМЪИЯТИ САҲҲОМИИ КУШОДАИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ

Муштариёни азиз!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон об манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ ба шумор рафта, зиёда аз 90 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад. Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли барқ ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад.

Ба ҳама маълум аст, ки бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон бар асари хунук шудани ҳарорати ҳаво камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин, сол ба сол зиёд шудани талаботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба неруи барқ норасоии мавсимии неруи барқро ба миён меорад. Чунин вазъият талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳоло манбаи асосии захираи обу энергетикии кишвари мо, яъне обанбори НБО-и Норак то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст. Вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст.

Вобаста ба ин, аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа соли ҷорӣ низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ карда шудааст ва вазъи пешгӯишуда танзими реҷаи истифодаи захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии кишвар ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд.

Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи солҳои қаблӣ собит менамояд, ки ҷиҳати таъмини беҳтари барқ дар мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.

Амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хубтар омода карда шаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо неруи барқ истифода гардад.

Муштариёни азиз!

Ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд.

Ҳамчунин, дар назар бояд дошт, ки захираҳои обу энергетикии дар рӯзҳои мусоид сарфашуда барои дар мавсими зимистон бештар бо неруи барқ таъмин кардани муштариён истифода бурда мешаванд.

Маркази матбуоти

ҶСК «Барқи Тоҷик»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button