САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН ТӮЙИ АРӮСИИ ДУХТАРАШРО ДАР САМАРҚАНД БАРГУЗОР КАРД (ВИДЕО)

Тӯйи арӯсии Манижа, духтари овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин рӯзи 11 сентябри соли 2023 бо ширкати садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо тан аз ситораҳои эстрадаи тоҷик дар шаҳри Самарқанд дар тарабхонаи машҳури “Шоҳсарой” баргузор шудааст.
Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, домоди Садриддини Наҷмиддин аз бачаҳои тоҷики муқими Амрикост. Дар навори тӯй, ки бештарашро Қурбон Неъматов аз гуруҳи “Арабшоҳ Компания” дар каналаш дар Ютуб нашр кард, падари домод, ки риши сафед дорад, дар паҳлуи Садриддини Наҷмиддин дар ҳоли хушомадед гуфтан ба меҳмонон дида мешавад.
Тӯйи арӯсии духтари Садриддинро муҷриёни маъруф Орзу Исоев ва Шаҳло Аҳророва гардонандагӣ мекарданд ва азбаски тӯй 7 соат давом кард, дар ин миён чанд дафъа шоири таронанавис ва ширинкори шинохта Ҳасан Чиллаев ва Қурбон Неъматов аз “Арабшоҳ Компания” низ ба кумаки гардонандагони базм расиданд.
Аз ситораҳои шинохта дар тӯйи арӯсии духтари Садриддин якеаш хонандаи шуҳратёри афғон Амирҷон Сабурӣ буд, ки чанд таронаи машҳураш, аз ҷумла “Шаҳр холӣ, кӯча холӣ…”-ро хонд.
Аз ситораҳои тоҷик дар тӯй Сангалӣ Мирзоев, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Фурқати Саид, Рустами Нур, Шаҳзоди Даврон, Эркин Одинаев, Шерзод Узоқов, Ҳасани Камол, Фирӯза Ҳафизова иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.
Шоираи шинохта Шоираи Раҳимҷон низ дар тӯй ҳузур дошт ва Садриддинро табрик гуфт. “Садриддинро аз ҳамин ҷо рост мебарем ба Ватан”, гуфт Шоираи Раҳимҷон ишора ба зиндагии овозхон дар хориҷ.
Сабаби дар Самарқанд баргузор шудани тӯй маълум нест. Яке аз меҳмонон дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, далелаш шояд қонуни танзим бошад, ки тӯли тӯйи арӯсиро бо 3 соат ва шумори меҳмононро бо 140 нафар маҳдуд кардааст.
“Дар Тоҷикистон агар мегузашт тӯйи духтари Садриддин дақиқан ҷаримааш мебастанд. Чунки шумораи меҳмонҳо аз ин лимите, ки дар Тоҷикистон ҳаст, чанд баробар зиёд буд ва худи тӯй ҳам 7 соат давом кард. Ва ин қадар меҳмон хеста, раҳи дароз то Самарқанд рафта буд. Акнун тасаввур кунед, ки агар тӯй дар Тоҷикистон мешуд, чӣ қадар меҳмон меомад? Як ҷарима не, 7 ҷарима мекарданд Садриддинро”, – гуфт шӯхиомез ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Садриддини Наҷмиддин 43 сол дошта, яке аз хушномтарин ситораҳои эстрадаи муосири тоҷик ба шумор меравад. Садриддин, ки 19 январи соли 1980 дар Душанбе ба дунё омада, дар миёнаҳои солҳои 90 пой ба саҳнаи эстрада гузошт, худро парвардаи мактаби овозхонии шодравон Кароматуллоҳи Қурбон медонад. Садриддин нахустин қадамҳояшро дар саҳнаи эстрада бо бозхонии таронаҳои ин овозхони фақид ва таронаҳои дар сабки ӯ хондааш гузошт, вале хеле зуд роҳу равиши худро пайдо кард ва ҳоло худ як хонандаи соҳибмактаб дониста мешавад.
Садриддини Наҷмиддин нахустин овозхони эстрадаи тоҷик буд, ки роҳи Амрикоро боз кард ва дар он сӯи уқёнус консертҳо гузоштаву клипҳо таҳия ва нашр кард. Садриддин инак чанд сол боз пурра дар Амрико кору зиндагӣ мекунад.



Ченаки нерӯи ҳунарии (ва на танҳо) ин издиҳоми ба қавли муаллифи торнамо “хушномтарин ситораҳои эстрадаи муосири тоҷик” рақсу пойкубӣ дар ҳавои таронаест таҷассуми фоҷеаи инсонӣ – “Шаҳр холӣ, хона холӣ…”. Бале, агар “хушномтаринашон” ҳаминҳост, вой бар ҳоли ин миллату саҳнаву санъаташ…
Садриддин дар Амрико не дар Конодо зиндаги мекунад.
Фарзияҳо: Садриддини Наҷмиддин баъди аз Тоҷикистон ба Канада кӯч бастанаш солҳои охир дар саҳифаҳои иҷтимоии худ аксу тасвирҳои “сиёсӣ” аз Бадахшон ва Ворух мегузошт (агарчӣ постҳояш хеле оддӣ ба назар мерасиданд) мардумро мазлум ва мақомотро золим ҷилва медод ва баъзе аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон исми Садриддинро дар барномаҳои сиёсии худ зикр карда, таҳсин мехонданд.
Фарзияи дуввум: Сарнавишти Садриддини Наҷмиддинро ба сарнавишти Манижаи Давлат монанд медонанд, ки дар вақташ аз муваффақиятҳои рӯзафзуни Манижа баъзе сарояндагон ба истилоҳ “талхакаф” шуда, боиси ба танг овардани мавқеъи Манижа дар саҳна шуданд ва ҳамин тариқ Манижа саҳнаро тарк кард.
Фарзияи севвум: Садриддин Наҷмиддин бо оҳангсози қадимии худ Ёқуб Абдуллоев “даъво” (ё муноқишаи лафзӣ) карда, аз ҳамкорӣ даст кашиданд ва гӯё Садриддин дар Тоҷикистон “беоҳангсоз” монда, ба хориҷ назди сарояндагони форсизабон руҷӯъ кардааст.
Фарзияи чаҳорум: Садриддини Наҷмиддин ба пешниҳоди Кумитаи радио ва телевизион, ки зери итоати Кумита бошад ва дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии мамлакат иштирок ва ҳунарнамоӣ намояд, ҷавоби рад додааст, ки боиси “малол”-и Кумита, вале дар воқеъ “малол”-и ҳукумат шудааст.