ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

АЗ ПРЕЗИДЕНТИ АМРИКО ХОСТАНД, КИ БО ҲОКИМОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МАВЗӮИ ҲУҚУҚИ ИНСОНРО ҲАМ БАРДОРАД

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) рӯзи 18 сентябри соли 2023 дар як изҳорот гуфт, президенти Амрико Ҷо Байден дар мулоқоташ бо 5 президенти Осиёи Марказӣ бояд масъалаи ҳуқуқи инсонро дар меҳвар қарор бидиҳад. Нахустин мулоқоти президентҳои Амрико ва Осиёи Марказӣ, қарор аст, рӯзи 19 сентябр дар Ню Йорк дар ҳоҳияи иҷлосияи солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал баргузор шавад.

“Дидбони ҳуқуқи башар” гуфт, дар ҳоле ки ҳамлаи Русия ба Украина минтақаи аз маъданҳо бой ва аз лиҳози стратегӣ муҳими Осиёи Марказиро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додааст ва ҳам Амрико ва ҳам Иттиҳоди Аврупо аз ҳукуматҳои ин минтақа тақозо доранд, ки ба Маскав имкон ва маҷоли истифодаи қаламравашон барои пушти по задани таҳримоти ба зидди Русия ба далели ҷангаш бо Украина эъмолшударо надиҳанд, Ҷо Байден набояд имкон бидиҳад, ки масоили доғи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зери соя бимонанд.

“Азбаски ҳам Амрико ва ҳам Иттиҳоди Аврупо дар пайи ҷанги Русия ба зидди Украина ҷиҳати таҳкими равобиташон бо Осиёи Марказӣ талош меварзанд, онй бояд ҷиҳати риояи меъёрҳои бунёдии ҳукми қонун ва ҳуқуқи инсон кафолат бигиранд. Байден бояд дар мавриди қатъи таъқиботи ангезаҳояшон сиёсӣ, саркӯби озодии сухан ва беҷазо мондани ҳолатҳои шиканҷа ва бадрафтории пулис аз ин ҳукуматҳо андешидани чораҳои қатъиро талаб кунад”, – изҳор дошт Искра Кирова, мудири масоили ҳуқуқи инсон дар Аврупову Осиёи Марказӣ дар созмони “Human Rights Watch”.

Дар бахши марбут ба Тоҷикистон изҳорот гуфта мешавад, ки ҳукумати ин кишвар таъқиботаш дар соҳоти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои аслиро афзоиш дода, эътирозҳои осоиштаро дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2021 ва 2022 бераҳмона саркӯб кард, аз иттиҳомоти қалбакӣ ба зидди ҳомиёни ҳуқуқ барои ниқоргирӣ аз онҳо барои фахолияти касбиашон сӯиистифода мебарад ва шумори зиёди созмонҳои ҷомиаи шаҳрвандиро барҳам додааст. Ҳомиёни ҳуқуқ муътақиданд, ки Амрико бояд масъалаи вазъи сангини ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро бардоранд ва пеш аз густариши муносибатҳо бояд ба пешравиҳои мушаххас дар ин масъала ноил шаванд.

Ҳамин тавр, ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, Амрико бояд аз ҳукумати Қазоқистон таҳқиқи мавридҳои марги инсонҳо ва дигар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсонро дар ҷараёни саркӯби хунини эътирозҳои моҳи январи соли 2022, ки дастикам 238 кушта ба ҷо гузошт,  талаб кунанд.

Дар Қирғизистон низ, бино ба мушоҳидаи “Дидбони ҳуқуқи башар”, пасрафти ҷиддие назар ба солҳои пеш ба назар мерасад ва мақомот фазоро барои матбуот ва ҷомиаи шаҳрвандӣ торафт тангтар карда истодаанд, ки намунаҳояш ихроҷи журналист Болот Темиров ба Русия ва эҳтимоли баста шудани сомонаи пурхонандаи Kloop.kg мебошад.

Ҳамин тавр, Туркманистон яке аз кишварҳои аз ҳама баста ва таъқиботӣ нафақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон номбар шуда гуфта мешавад ки бо вуҷуди ахиран бар асоси афв озод шудани чанд маҳбуси сиёсӣ, боз ҳам маҳбусони зиёде бо парвандаҳои сиёсӣ дар маҳбасҳои Туркманистон боқӣ мемонанд.

“Дидбони ҳуқуқи башар” ҳамин тавр, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба боди интиқод кашида, гуфт, ваъдаи ислоҳоти сиёсӣ дар ин кишвар амалӣ нашуд, балки ахиран Мирзиёев бо тағйири Қонуни асосӣ замони раёсати худро боз барои дастикам 14 соли дигар тамдид кард. Ба болои ин, майдони фаъолият барои матбуот дар Ӯзбекистон маҳдуд гардида, боздошти блогерҳо ва журналистон баракс афзоиш ёфтааст. Мояи дигари интиқодҳо аз ҳукумати Мирзиёев мавҷи боздоштҳо дар пайи эътирозҳои моҳи июли соли 2022 дар ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон аст.

Изҳори омодагии роҳбарони Осиёи Марказӣ барои иштирок дар ин мулоқот фурсатетс барои Байден, то паёми рӯшан бидиҳад, ки муносибатҳои шарикона бояд бар рӯи риояи меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи инсон сохта шаванд. Агар ҳуқуқ сокинони Осиёи Марказӣ кафолат дода нашаванд, суботи дарозмуддат дар ин минтақа зери суол қарор мегирад ”, – изҳор доштааст Искра Кирова, мудири масоили ҳуқуқи инсон дар Аврупову Осиёи Марказӣ дар созмони “Human Rights Watch”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button