ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ХАБАРИ АВВАЛИН НИШАСТИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ АМРИКОВУ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МАСКАВРО АСАБОНӢ КАРДААСТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 18 сентябри соли 2023 барои иштирок дар иҷлосияи 78-уми  Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ + Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кард. Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазирони корҳои хориҷӣ ва танудрустӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Роҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ  роҳии  Ню-Йорк мешаванд ва асосан барои мулоқоти нахустини роҳбарони минтақа бо президенти Амрико Ҷо Байден. Маъмулан онҳо дар иҷлосияҳои солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал иштирок намекарданд ва барои мисол, аз номи Тоҷикистон чанд сол боз дар ин иҷлосияҳо вазири хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ мекунад. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  бошад, соли 2022 ба Маҷмаи умумӣ духтарашро фиристод ва аз номи Ӯзбекистон Саида Мирзиёева онҷо суханронӣ кард.

Вале ин бор дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумӣ дар Ню-Йорк нахустин нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мешавад. Чорчӯби С5+1 барои таҳкими равобити Амрико бо Осиёи Марказӣ ҳанӯз соли 2015 ташкил шуд, вале то кунун нишастҳои он дар сатҳи вазирони хориҷаи ин минтақа ва котиби давлатии Амрико баргузор мешуд.

Имсол бошад ба ҳамаи 5 президенти Осиёи Марказӣ аз номи Ҷо Байден даъвати инфиродӣ фиристоданд. “Умедворам, ки шумо метавонед маро дар ин мулоқоти расмӣ ҷиҳати баррасии ҳадафҳои муштараки мо дар соҳоти амният, иқтисод ва ҳифзи муҳити зистӣ ҳамроҳӣ хоҳед кард”, — навишта шудааст дар ин даъватномаи фиристодаи маъмурияти Иёлоти Муттаҳида.

Чунин ба назар мерасад, ки вазъи геополитикии тағйирёфта дар минтақа ва атрофи он, аз ҷумла ҷанги Русия бо Украина ва кӯшишҳои Русия барои аз ҷумла тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ пушти по задани таҳримоти ба зиддаш ҷоришуда, ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ва  густариши ҳузури Чин дар ин қаламрав Вошингтонро водор кардааст, ки ҷӯёи тамосҳои боз ҳам наздиктар ва мустақим дар сатҳи роҳбарони аввали кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад. Ва он ҳам дар ҳоле ки ҳокимони ин минтақа бо бунёди режимҳои худкома ва ғайридемократие, ки ба арзишҳои умумибашарие, чун ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ намегузоранд, ном баровардаанд.

Нахустин мулоқоти президенти Амрико Ҷо Байден бо роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон – дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумӣ дар Ню-Йорк 19 ё 20 сентябри соли 2023 доир мешавад. Ёвари президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Ҷейк Салливан ахиран изҳор дошт, ки ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи президенти Амрико бо президентҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

“Нишасти нахустин ба раҳбарон имкон хоҳад дод, ки як қатор масоил: аз амнияти минтақа то тиҷорат ва равобити муштарак, тағйири иқтлим ва ислоҳот ҷиҳати такми умури идорӣ ва таҳкими ҳукми қонунро баррасӣ кунанд “, – гуфт Салливан.

Маскав, ки Осиёи Марказиро як минтақаи нуфузи суннатӣ ва таърихии худ ва ҳатто тибқи як таъбири дар байни сиёсатшиносони рус маъруф, “зери ишками Русия” мешуморад, асабонияташ аз кӯшишҳои Амрико барои баргузории нишасти мустақим бо сарони ин минтақа ва эҷоди равобити мустақим бо президентҳои Осиёи Марказиро пинҳон намекунад.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ишора ба ин нишасти қарибулвуқӯъ изҳор дошт, ки кишварҳои “нодӯст” ба шарикони Маскав фишор оварда истодаанд. “Агар рӯирост бигӯем, сухан дар бораи кӯшишҳои бо таҳдиду иръоб (шантаж) водор кардани муттаҳидони мо ба даст кашидан аз ҳамкориҳои машрӯъ бо Русия аст. Мо ба инки дар шароити фишори беруна шарикони мо маҷбуранд аз эҳтиёт кор бигиранд,  ҳусни тафоҳум нишон медиҳем. Албатта, аз тарафи мо низ иқдомоти ҷавобӣ андешида хоҳанд шуд”, — заявил Лавров.

Маскав, ки барои қонеъ кардани талаботи молиявии афзояндаи давлатҳои Осиёи Марказӣ тавону имконоти кофӣ надошт, қаблан маҷбур шуда буд, ки ба ин қаламрав пой гузоштану тақрибан билофосила ба сармоягузори №1 табдил ёфтани Хитойро ҳамчун як воқеияти нав қабул ва таҳаммул кунад.  Маскав масоили сармоягузорӣ дар ин минтақаро ба Хитой дода, масоили амниятиро пеши худ нигоҳ дошт ва бо чунин тақсими соҳоти нуфуз  Пекинро бештар як шарики худ дар ин қаламрав мешумурд, то рақиб, ва умедвор буд, ки онҳо аз як гиребон сар бароварда, ба талошҳои дар ин паҳно ҷои по ҷустани Ғарб, бахусус Амрико муқобила хоҳанд кард.

Хитой солҳои аввал чунин тақсими соҳоти нуфузро тибқи муодилаи пешниҳодкардаи Маскав  зоҳиран қабул карда буд, вале тағйир ёфтани вазъи геополитикӣ, бахусус баъди ҷанги Русия ба зидди Украина, Маскавро хеле заиф карда, ақибгоҳашро урён сохт. Ин Хитойро ҷиҳати бо ҷуръати бештар ва бидуни андешидан ба вокуниши Маскав пеш бурдани манфиатҳояш дар Осиёи Марказӣ далертар кардааст.  Ҳоло бошад ба ин сабқати густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ Амрико низ ҳамроҳ мешавад.

Албатта, дар дасти Русия фишангҳое барои таъсир ба ҳокимони Осиёи Марказӣ ҳанӯз боқӣ мондааст, ки як фишанги аз ҳама қавияш миллионҳо муҳоҷири корӣ аз ин минтақа аст, ки ҳар сол бо талаби кор худро ба бозори кори Русия мезананд. Вале дар умум, Маскав бо ин ҷанги бемаънияаш ба зидди Украина худро дар чунон як ҳолати тсейтнот ё тангнои геополитикӣ андохтааст, ки барои фишор овардан ба шарикони суннатиаш дигар қуввати кофӣ надорад ва ин шарикон ҳам торафт аз Маскав худро дуртар гирифта, талош доранд, то аз ин ҳолати геополитикии бавуҷудомада сӯди аксарро бардоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, Академик гуяд:

    Россия шарикони “суннатӣ”-ю “стратегӣ”-и худро чӣ эҳтироме гузоштааст? Пропагандаи Россия кишварҳои Осиёи Марказиро, ки воқеъан дар маркази Осиё қарор доранд ва ҳудуди ин кишварҳоро фақат худи Осиё иҳота мекунад (миёни ду қитъа ё ду уқёнус ҷойгир нестанд) маҳз, барқасдона ва дидаю дониста “Осиёи Миёна” меномад, яъне дар зеҳнашон ҳолати асримиёнагии ин кишварҳо хутур мекунад ё ба таъбири дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ақибмонда, сусту заъиф ва дастнигари Москва ҳастанд. Беэҳтиромии дуввум ин, ки ширкатҳои ҳавоию қаттории Россия ҳарими ҳавоии кишварҳои мустақили (собиқ Шӯравӣ)-ро монополияи худ қарор додааст, ки солона даҳҳо миллиард рубл фоида мегиранд. (агар беэҳтиромии Россия нисбати ин кишварҳоро бишуморем, хаста хоҳем шуд, инро ҳама медонанд). Аммо, роҷеъ ба нуфӯзи россия дар Осиёи Марказӣ ҳаргиз муболиға набояд кард, чунки аз як тараф нуфӯзи Амрико, Чин, Туркия ҳатто (Эрон)-у Арабистони Саъудию Қатар ва дигар кишварҳои халиҷи исломӣ, аз тарафи дигар устувории артиши далери Украина дар муқобили артиши “рақами дуюм”-и дунё нуфӯзи Россияро дар минтақа ва ҷаҳон бозҳам заъифтар кардааст. Мулоқоту музокирот бо изгой-путин дигар танҳо дар доираи як протоколи дипломатӣ сурат мегирад, на ба хотири гуфтушуниди пурмаҳсулу созанда (продуктивные переговоры).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button