ВидеоҶомеа

ФАВРӢ! ХУДКУШИИ ДУ ДУХТАРИ ҶАВОН ДАР ПАНҶАКЕНТ

Рӯзи 17 сентябри соли 2023, тақрибан соати 11, ду амакдухтар аз мавзеи Шаршара (“Водопад”) дар канори шаҳри Панҷакент худро аз болои пули Ғарибак ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Ҷасадҳои онҳоро баъди қариб 6 соати ҷустуҷӯ лӯлиҳои сокини Панҷакент, ки ба ғаввосӣ ном баровардаанд, аз дарё берун оварда, ба наздиконашон супурдаанд.

Азбаски дасту пои духтарҳо баста буд, хешу табори онҳо аввал гумон кардаанд, ки шояд онҳоро касе дасту пояшонро баста, ба дарё партофта бошад.

Аммо лаҳзаи худро ба дарё партофтани ин ду духтар ба дурбини видеокамераи назоратие, ки дар болои пули Ғарибак насб карда шудааст, афтодааст. Дар ин сабт дида мешавад, ки ин ду духтар дар болои пул чанд лаҳза истода, худашон дастони якдигарро мебананд ва сипас аз болои пилаи пул гузашта, якбора ба дарё меҷаҳанд.

Сабаби худкушии ин ду духтари ҷавон аниқ карда нашудааст. Вале бархе сокинони (“Водопад”) ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки онҳоро чанде пеш ба ду марде, ки намехостанд, фотиҳа кардаанд ва азбаски волидонашон ба нею нестони ин ду духтар гӯш надодаанд, онҳо ба чунин шакл норозигии худро ба ин издивоҷ бо нархи ҷонашон баён доштаанд…

Дар дасти идораи “Бомдод” акси ҷасадҳои ин ду духтар низ ҳаст, вале аз нашри ин акс худдорӣ мекунем.

Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар, бештар занону духтарон ба ҷони худ қасд мекунанд. Нофаҳмиҳо дар оила ва мушкилоти зиндагӣ аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарон дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Зодаи ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуяд:

    Шарҳи такмилшуда. Аз деҳаи Ғарибон (Ғарибак) як дӯстдухтари дӯстдошта доштам (взаимная любовь) дар шаҳри Душанбе шинос шудем, мулоқоту музокирот ва гуфтугӯҳои телефонӣ бисёр доштем, дар аввалин хостгорӣ тарафи духтар ошкоро гуфтанд, ки мо ба шумо “кӯлобиҳои говсавор” (бо лаҳни тундтар) келин намедиҳем ва келин ҳам намегирем. (Мардуми минтақаи Кӯлоб қабл аз инқилоб барои харидуфурӯш ба Душанбе (душанбе-бозор) аз ҳар гуна василаи нақлу интиқол, аз ҷумла аз ҳайвоноти хонагӣ, ба мисли гову хар низ истифода мебурдаанд ва гоҳҳо саворӣ ҳам мекардаанд). Саъдӣ Шерозӣ аз говсавории кӯлобиҳо пуштибонӣ мекунад:
    Мискин хар агарчи бетамиз аст,
    Чун бор ҳамебарад, азиз аст.
    Говону харони борбардор
    Беҳ з-одамиёни мардумозор. Баъдан шунидам, ки он духтари хушдори шавҳар кардааст, хушбахтона. Шукри Худо банда бо як духтари нозанини Душанбе издивоҷ кардам, айни ҳол се писари нозанин ҳама шаҳрванди Амрико (чун дигар “патриот” нестам) бо камоли хушбахтӣ кору зиндагӣ дорам алҳамдулиллоҳ. Худкушӣ барои зану мард, пиру ҷавон дар ҳама ҳолат ҳаром аст, падару модар бо фарзандон, махсусан дар синнусоли гузариш (переходный возраст) мунтаззам дар машварату гуфтугӯ бошанд, нозукиҳои психологии фарзандонро контрол кунанд. (Админ шарҳи моро нашр кун, таҳқиру тӯҳмату дурӯғ нест).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button