УСУЛИ НАВИ ДАРСДИҲӢ: САРТА БОЛО КУНӢ, МЕКУШАМАТ! (ВИДЕО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои бархӯрди хушунатомез ва “зиддипедагогӣ” нисбат ба хонандагони хурдсол дар яке аз мактабҳои Тоҷикистон нашр шудааст.
Дар видео як зан, ки чеҳрааш дида намешавад, тамоми хонандагони хурдсоли як синфро маҷбур мекунад, ки то омадани муаллимаашон дастони худро рӯи парта ва сари худро болои дастони худ гузошта, хоб бираванд. “Кадоме сарта боло кардӣ, ҷобаҷо мекушамат!” – таҳдид мекунад ин зан ба кӯдакон ва онҳо ҳам аз тарс ҷуръати боло кардани сари худро намекунанд. Чунки ин зан байни қаторҳо гашта, кӯдаконеро, ки нохудогоҳ сарашонро боло мекунанд, мезанад.
Дар ин байн ба синфхона як хонандаи дигаре, ки дер карда буд, медарояд. Зан ӯро барои дер омаданаш накӯҳиш мекунад ва сипас ӯро ҳам водор мекунад, ки ба ҷояш гузашта нишинад ва мисли дигарон сарашро болои парта гузошта, хоб биравад. “Сарта бардоштӣ, мекушамат!” – таҳдид мекунад ин зан ба он кӯдаки деромада ҳам.
Кай ва дар кадом мактаб сабт шудани ин видео маълум нест. Вале аз лаҳни гуфтугӯи он зан бармеояд, ки ин ҳодиса дар марказ ё ҷануби Тоҷикистон рух додааст.
Маълум нест, ин зан муаллима аст ё ягон корманди ба истилоҳ техникии мактаб, ки аз вай хостаанд, то омадани муаллима ин синфро назорат кунад. Бисёриҳо рафтори ӯро ҳамчун як амали комилан ғайрипедагогӣ маҳкум карда, аз масъулони маориф ва дигар ниҳодҳои зидахл хостаанд, ки шахсияти ӯро муайян карда, нисбаташ чораҳои қонунӣ бияндешанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳанӯз ба ин видео вокуниш накардааст.