Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ҒОРАТГАРИ 16-СОЛА ДАР КӮЛОБ, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН ДАР ИСТАРАВШАН ВА 2 ДУЗДӢ ДАР ВАРЗОБ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2023

Боздошт гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

025.jpg

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 13:00, дар назди боғи фароғатии “Модар ва кӯдак”, воқеъ дар кӯчаи 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб як нафар шахси ба ӯ ношинос бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-03”, ки арзишаш 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Гумонбаршаванда, бо ҳамин роҳ, 13-уми сентябри 2023, дар назди боғи фароғатии “Модар ва кӯдак”, воқеъ дар кӯчаи 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб аз дасти ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-13”, ки арзишаш 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди қаллоб

12

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 50-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шудааст.

Номбурда, 8-уми октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, бо ваъдаи аз хориҷа оварда додани маҳсулоти гандум ва ҷав, аз ӯ 800 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздии марди 41-сола

72

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин муроҷиат намудааст, ки 19-уми августи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Варзоб даромада, аз он ҷо 4-адад қолин ва дигар ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 13 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, 27-уми феврали соли 2023, ба истироҳатгоҳи марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Варзоб даромада, аз он ҷо ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button