ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲодиса

БАҲСИ МАРЗ САБАБИ ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОН АЗ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР КРАСНОГОРСК ШУДААСТ (ВИДЕО)

Рӯзи 14 сентябри соли 2023, дар ҳоле ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти худ дар Душанбе роҳҳои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ байни кишварҳояшонро баррасӣ м екарданд, дар шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия баҳси муҳоҷирон аз се кишвари муҳоҷирфиристи ин минтақа: Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон  бар сари масоли марзӣ ба занозании гуруҳӣ печида, бо боздошти 22 иштирокчии ин занозанӣ анҷомид.

Telegram-канал Mash бо нашри як видео аз маҳалли ҳодиса маҳз ихтилофи назари байни муҳоҷирон аз се кишвари Осиёи Миёнаро сабаби муноқишаи онҳо дар як таваққуфгоҳи мошинҳо дар шаҳри Красногорск номида, ин ҳодисаро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

 «Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба якдигар эълони ҷанг карданд. Вале дар як миқёси хурд бо иштироки 22 нафар дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав.
Ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ дар корхонаҳои Красногорск кор мекунанд ва байни онҳо дар мавриди муноқишаҳои давомдори байни кишварҳояшон ва даъвои қаламрав баҳсу муноқишаҳо сар мезад. Аммо ин дафъа рӯди Рубикон убур шуд ва муноқишаҳои лафзӣ ба занозанӣ бо мушту лагад дар як таваққуфгоҳи воқеъ дар наздикии майдони сохтмон печид.

Нирӯҳо баробар набуд: 13 шаҳрванди Ӯзбекистон бо итисфода аз зиёд будани шумораашон 5 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистонро танг карданд. Вале ба ҷои ҳодиса расидани пулис боис шуд, ки ин издиҳом рӯ ба фирор биорад — пулис маҷбур шуд, ки иштирокчиёни занозаниро таъқиб карда, дар ҳавлиҳо боздошт кунад”.

Баҳси масоили марзии ҳалношуда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сокинонаш солҳо боз як мавзӯи доғ боқӣ мемонад. Ёдовар мешавем, солҳои 2021-2022  дар ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 200 нафар кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Шаҳри Красногорск бо 188 ҳазор аҳолӣ дар соҳили дарёи Маскав, дар канораҳои ғарбии пойтахти Русия, дар паҳлуи ноҳияҳои Митино ва Строгинои шаҳри Маскав ҷойгир шудааст ва ба эҳтимоли ғолиб солҳои наздик ба қаламрави пойтахти Русия мулҳақ хоҳад шуд.

Занозаниҳо байни муҳоҷирон чанд сол боз мояи нигаронии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд!

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Занозании аз ҳама бузург дар ин авохир 23 июни соли 2023 дар кони гази Ковиктаи ширкати “Газпром” дар ноҳияи Жигаловои вилояти Иркутски Русия байни шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон бо иштироки беш аз 500 нафар рух дод. Гуфта мешуд, ки муҳоҷирони қирғизу тоҷик бар сари инки кадоми онҳо бояд аввали хӯрок бихӯрад, ба ифоқа омада натавонистаанд. Дар пайи ин занозанӣ 9 муҳоҷирро дар бемористон бистарӣ карданд.

31 июли соли 2023 дар ҷараёни занозании зодагони ду минтақаи Тоҷикистон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду зодаи ноҳияи Файзобод кушта шуда, 4 нафар аз тарафи муқобил боздошт шуда ва ду бародарро, ки ба Тоҷикистон фирор карданд, таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button