ВидеоМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ 40 КИЛО МОЛҲОИ БРЕНДҲОИ МАЪРУФ АЗ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ (АКС)

Аз бағочи як зани сокини Тоҷикистон, мусофири парвози Истанбул- Екатеринбург дар фурудгоҳи  Колтсово кормандони боҷхона (гумрук) беш аз 40 кило молҳои брендҳои шинохтаро пайдо ва мусодира кардаанд.

Нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Уральский рабочий”  ва “Тагил.Лайф” бо такя ба боҷхонаи Колтсово хабар доданд, ки ин зани тоҷикистонӣ барои гузаштан аз боҷхона аз роҳрави сабз истифода бурд. Аз роҳрави сабз дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ танҳо онҳое метавонанд истифода баранд, ки бо худ молҳое воҷиби эъломияи гумрукӣ надоранд.

Аммо тафтиши бағоҷи ин зани тоҷик нишон дод, ки ӯ бо худ аз Истанбул 10 ҷузвдон ё сумкачаи нави брендҳои шинохтае, чун Christian Dior, Prada, YSL ва брендҳои дигар, 60 костюм, яъне сарулибоси занонаву кӯдакона, кӯрпаи навъи “плед” ва дигар пӯшоки кӯдакона, дар умум 83 адад молҳои ранг, ороиш (фасон) ва андозаашон  гуногунро овардааст.

Худи ин зан дар баёноташ арзиши умумии борашро 800 доллар баровард карда, гуфтааст, ки аз ин шумор 30 чизаш кӯҳна ва чизҳои шахсии худи ӯ буда, як қисми дигарро барои фарзандонаш ҳамчун туҳфа мебурд. Дар айни замон, ӯ эътироф кардааст, ки як қисми борҳоро дар ҳақиқат барои фурӯши минбаъда дар қаламрави Русия овардааст, вале ӯ гуфта натавонист, ки мушаххасан чанд сар либос ё чанд дона сумкаро барои фурӯш ва чанди дигарашро ҳамчун туҳфа овардааст?

Масъулони боҷхонаи Колтсово ба инки ин молҳо барои истифодаи шахсӣ оварда шуда бошанд, шак доранд. Сергей Баландин, сардори посгоҳи гумрукии Колтство ба номи В.А.Сорокин гуфт: “Теъдоди молҳо, хусусияти онҳо, аз ҷумла андозаҳои гуногунашон ва навъҳои гуногун буданашон баёнгари он аст, ки ин сару либос барои истифода шахсӣ нест, балки бо мақсади тиҷорат ворид карда шудаанд ва бояд ҳатман барои онҳо эъломияи гумрукӣ пур мекарданд”.

Зани соҳибкор аз Тоҷикистон дар баёноташ гуфтааст, ки қоидаҳои боҷхонаи Русияро хуб намедонист ва ба ҳамин далел, эъломияи гумрукӣ пур накардааст.

Кормандони боҷхонаи Колтсово беш аз 40 кило молҳои ёфтшуда аз бағочи ин занро гирифта, барои ташхис фиристодаанд. Дар робита ба ин қазия парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба ин зан барои пур накардани эъломияи гумрукӣ ҷарима таҳдид мекунад. Мақомоти Русия метавонанд молҳои аз ӯ гирифташударо низ  ба фоидаи давлат мусодира кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button