ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

БОЗДОШТИ ЯКБОРА 5 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР (ВИДЕО)

Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон рӯзи 14 сентябри соли 2023 аз боздошти 7 нафар, аз ҷумла 5 шаҳрванди Тоҷикистон, бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар дод. Шаҳрвандони дастгиршудаи Тоҷикистон, ки 38, 44, 47, 53 ва аз ҳамаи калонии онҳо 65 сол доранд, ҳамроҳи ду сокини ноҳияи Бахмал дар 2 амалиёти алоҳида дар ҳудуди ноҳияҳои Бахмалу Зомини вилояти Ҷизах ба даст афтода, як қочобари дигарро дар ҳудуди ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё дастгир кардаанд.

Аз ҷумла кормандони амният ва боҷхонаи вилояти Ҷизах як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1970, сокини вилояти Суғдро ҳамроҳи ду сокини ноҳияи Бахмал, солҳои таваллудашон 1983 ва 1984, ҳангоми фурӯтани 9 килову 530 грам афюн, ки бо роҳи қочоқӣ аз Тоҷикистон оварда шуда буд, дастгир кардаанд.

Дар як амалиёти дигари кормандони амният ва милитсия дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷизах  якбора се шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1958, 1976 ва 1985  бо 2 килою 986 грамм ҳаҳиҳ ба даст афтоданд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон, соли таваллудаш 1979, ки онҳоро дар як ошхона дар шаҳраки Даштобод мунтазир буд, низ дастгир шудааст. Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон гуфт, ин маводи мухаддир низ аз Тоҷикистон оварда шуда буд.

Ҳамин тавр, кормандони амният, милитсия ва боҷхона дар посгоҳи Ширинбулоқ дар ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё  ҳангоми тафтиши як мошини тамғаи “Матиз” таҳти идораи сокини шаҳри Бухоро, соли таваллудаш 1982, ки аз Бухоро ба тарафи Қашқадарё мерафт, аз як мусофири 25-солаи ин мошин 973 грамм ҳероин пайдо ва мусодира кардаанд. Ҳамчунин муайян карда шуд, боз як килою 968 грамм ҳероини дигар дар як махфигоҳ дар ҳудуди ноҳияи Когони вилояти Бухоро пинҳон карда шудааст, ки он ҳам дарёфт ва мусодира карда шуд.

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон гуфт, дар робита ба ин мавридҳо бар асоси моддаҳои 246 ва 273 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шуда, дастгиршудагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд ва тафтишот идома дорад.

Ин нахустин кӯшишҳои ошкоршудаи қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон нест.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Субҳи 7 сентябри соли 2023 кормандони боҷхонаи “Сариосиё” дар марзи вилояти Сурхондарё  бо шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон аз дохили мошини боркаши тамғаи “Волво”, ки холӣ ва бе ягон бор аз Тоҷикистон ворид шуда буд, қариб 70 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 31,9 кило ҳероин ва 37,3 кило ҳашиш ёфтанд. Ин миқдори бузурги маводи мухаддир дар 66 баста дар кабинаи ронанда дар зери “обшивка” пинҳон карда шуда буд.

Аз ин қабл  моҳи ноябри соли 2021 кормандони боҷхонаи “Ойбек” дар марзи вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз як пинҳонгоҳ дар дохили мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон ба Русия қариб 21 тонна ангур мебурд, дар умум 156 кило маводи мухаддири “афғонӣ”, аз ҷумла наздики 150 кило кило ҳашиш (чарс), қарим чоруним кило афюн ва беш аз якуним кило ҳероин ёфт ва мусодира карда буданд.

Моҳи феврали соли 2022 бошад, дар ҳамин боҷхонаи “Ойбек” аз як пинҳонгоҳ дар дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон тавассути Ӯзбекистон ба Русия бор мебурд,  232 бастаи вазни умумиашон 229 кило ҳероинро пайдо карданд. Он вақт гуфта буданд, ки нархи ин миқдори ҳероин дар бозори сиёҳи Аврупо аз 12 то 14 миллион доллар баровард мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button