
Полковники милитсия Раҳимзода Зафар Иброҳим, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бармаҳал аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора рӯзи 12 сентябри соли 2023 Фирдавс Мирзоалиев дар гуруҳи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон (РМЗҶМ, УБОП) дар Фейсбук бо нашри изҳори ҳамдардии аҳли ин раёсат хабар дод.
“Роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин гурӯҳи фейсбукии ин ниҳод аз марги бармаҳал ва нобаҳангоми сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Носири Хусрав, полковники милитсия Раҳимзода Зафар Иброҳим сахт андӯҳгин буда, дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба аҳли оила ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд. ЁДАШОН ГИРОМӢ ВА ХОНАИ ОХИРАТАШОН ОБОД БОД!”, – навишта шудааст дар номаи ҳамдардии УБОП.
Гуруҳи таблиғотии ба ВКД марбути “Авангард” низ дар як номаи таслият ба наздикони полковник Раҳимзода марҳумро ҳамчун “шахси масъулиятнок, ватанпарвару ватандӯст, фидоии миллату давлат, фарзанди барӯманд ва далеру шуҷоъ” тавсиф кардааст.
Ин ду ниҳод дар бораи иллати марги бармаҳали полковник Зафар Раҳимзода чизе нагуфтаанд, вале бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ин афсари баландпояи милитсия чанд вақти охир аз бемории қалб ранҷ мекашид.
“Зафар Раҳимзода ҳатто қалбашро дар хориҷи кишвар рафта, ҷарроҳӣ кард, вале мутаассифона, бемории қалб билохира ҷавонмаргаш кард”, – хабар дод рӯзи 12 сентябр як ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Полковник Зафар Раҳимзода 10 марти соли 2021 ба мақоми сардори милитсияи ноҳияи Носири Хусрав таъйин шуда буд.
Ноҳияи Носири Хусрав (собиқ Бешкент) бо ҳамагӣ 45 ҳазор аҳолӣ танҳо аз 3 ҷамоат иборат буда, ноҳияи хурдест, ки дар ҷанубуғарби Тоҷикистон, дар марз бо Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Қаламрави ин ноҳия дар замони Шӯравӣ бахше аз ноҳияи Шаҳритӯс буд. Мазори машҳури Чилучорчашма дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав ҷойгир шудааст





Калимаҳои “бармаҳал”, “нобаҳангом”, “марҳум”, “оромгоҳ” ва ғайра (баъзеҳо падарро “қиблагоҳ” меноманд) дар қомуси адабиёти ислом “ширк” ва “куфр” буда, зидди иродаи худованд маҳсуб мешаванд ва набояд барои мурдагон истифода шаванд. Илми ғайб сифати махсуси худованд аст ва ҳеч кас аз бандагон оянда ва нодидаро намедонад. Баъзе ҷузъиёти ҳаёти баъдимаргии инсон дар қуръон ва суннат зикр шудааст, аммо паёмбар (с) фармуданд: “ман паёмбари худо ҳастам, аммо намедонам, ки баъди марг бо ман чӣ рафтор хоҳад шуд?!” Аммо, тоҷикон худоро муттаҳам мекунанд, ки фалонӣ “бармаҳал” рафту “марҳум” аст ва дар “оромгоҳ” хоб аст!!! Хашму ғазаби худоро орзӯ накунед!