ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ТАЛАБИ ҲУКМИ ҚАТЛ БА ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН РАҲМАТУЛЛО НАВРӮЗОВ БАРОИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ЭРОН

Рӯзи 10 сентябри соли 2023 дар шаҳри Шероз, маркази устони Форс дар ҷанубуғарби Эрон нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи пурсарусадои ҳамлаи дуюми террористӣ ба мазори барои шиъаҳо муқаддаси Шоҳи Чароғ оғоз ёфт. Бар асари ҳамлаи рӯзи 13 август дар ин мазор дар шаҳри Шероз ду нафар ҷон бохта, 7 тани дигар захмӣ шуданд.

 Хабаргузории эронии Меҳр Нюс хабар дод, ки ба додгоҳ се нафар эҳзор шуданд: айбдоршавандаи асосӣ дар ҳамлаи ахир шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов ва шарикони ӯ Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назарӣ.

Намояндаи қувваи қазоияи Шероз дар ҷаласаи аввал аз додгоҳ хост, то Раҳматулло Наврӯзовро бо иттиҳоми “ҷанг бо Худо” ва узвият дар созмони террористии ДОИШ ба даст доштан дар ҷинояти дараҷаи 1 гунаҳкор шинохта, ба ҷазои шадидтар маҳкум кунад. Ҷазои аз ҳама сангин барои унин ҷиноятҳо дар қонунгузории Эрон ҳукми қатл аст.

Намояндаи қувваи қазоия ҳамчунин аз додгоҳ хост, ки Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назариро бо айни иттиҳоми ҷанг бо Худо ва узвият дар ДОИШ барои кумак дар содир кардани ҳамла ба мазори Шоҳи Чароғ дар ҷиноятҳои дараҷаи 2 ва 3 гунаҳкор бишиносад.

Дар рӯзи аввали мурофиа қозии парванда муттаҳами асосиро бозпурсӣ кард.

Раҳматулло Наврӯзов дар баёноташ ба додгоҳ гуфт, ки ӯ тавассути мессенҷер ба ДОИШ пайваста, лақаби “Салмон Асламёр”-ро ба худ гирифт ва афроди ДОИШ дастураш доданд, ки ба Туркия ва аз онҷо тавассути Эрону Покистон ба Афғонистон биравад. Наврӯзов дар Афғонистон дар як урдугоҳи ДОИШ машқи низомӣ гирифта, баъди анҷоми тамринҳо ба Эрон фиристода шуд. Ин зодаи Тоҷикистон тақрибан як моҳ дар манзиле дар наздикии мазори Шоҳи Чароғ зиндагӣ карда, дар ин муддат дигарбора бо афроди ДОИШ робита барқарор кард ва онҳо роҳнамоияш карданд, ки  силоҳи барояш омодашударо дар куҷо пинҳон кардаанд ва онро чӣ гуна бигирад?

Наврузов ҳамчунин баёнот дод, ки ба ӯ амр дода буданд, ки рӯзи ҳамла бо худ ду зарфи бензин бигирад, вале ӯ бо худ дар борхалтааш ҳамагӣ як зарфи якунимлитрии бензин дошт. Ба болои ин, ӯро ҳанӯз то замоне, ки қолинҳои мазори Шоҳи Чароғро бензин рехта, оташ бизанад, дастгир карданд.

Раҳматулло Наврӯзов бо худ ҳангоми ҳамла дар даст як автомат бо 8 магазини иборат аз 240 тир дошт, вале то лаҳзаи боздошташ тавонист, ки болои зоирон ҳамагӣ 11 тир холӣ бикунад.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 13 август ду марди силоҳбадаст ба мазори Шоҳи Чароғ дар Шероз ҳамла карданд. Яке аз онҳо дар маҳни мазор ба тирпарронӣ сар кард ва дуюмӣ, ки бо автомат дохили мазор шуд ва рӯи издиҳоми зоирон тир кушод, аз ҷониби нигаҳбонон дастгир карда шуд. Дар натиҷаи ин ҳамла як нафар кушта ва 8 зоири дигар захмӣ шуданд.

Созмони террористии ДОИШ масъулияти ҳамлаи Шерозро ба дӯш гирифт ва онро интиқом барои иҷрои ҳукми қатли ду узви худ дар Эрон номид. Он ду нафар бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи 26 октябри соли 2022 ба ҳамин мазори Шоҳи Чароғ ба қатл маҳкум шуда, моҳи июл ҳукми ҳарду иҷро шуд. Дар ҳамлаи соли гузашта дар Шероз 13 нафар кушта, 27 тан захмӣ шуда буд.

Нафаре, ки моҳи октябри соли 2022 болои зоирон дар Шоҳи Чароғ оташ кушод, ба гуфтаи мақомоти Эрон, низ аз Тоҷикистон буд. Комрони Субҳон, мулаққаб ба “Абӯ Оиша” 23сол дошта, аз шаҳри Ҳисор будааст. Ӯ чанд рӯз баъди боздошташ бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористони Шероз фавтид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button