ҲУШДОРИ ҲАВОШИНОСОН: АЗ 11 ТО 13 СЕНТЯБР ҶАНУБ ВА МАРКАЗИ ТОҶИКИСТОНРО ҒУБОРИ ЧАНГУ ҒУБОР МЕПЕЧОНАД
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо нашри як огоҳии вижа сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор дод, ки рӯзҳои 11-13 сентябри соли ҷорӣ бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб (дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 18-23м/с) дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон (асосан дар ноҳияҳои ҷанубӣ), шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ шуда, баландшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва заррачаҳои андозаашон то 10 Мкр (Рм-10) пешбинӣ карда мешавад. Ин тӯфони чангу ғубор дар забони мардум бо номҳои хокбориш ё афғонбод (боди афғонӣ маъруф аст.
Дар умум, бино ба пешбинии ҳавошиносон, ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҳафтаи ҷорӣ назар ба рӯзҳову ҳафтаҳои қаблӣ пасттар мешавад, вале ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад,
Вз ҷумла ҳаво дар ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 10+15 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 0+5 гарм то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 29+33 дараҷа гарм мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирӣ аз хатари чунин ҳавои номусоид тавсия медиҳад:
1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна линзаҳо ё айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;
– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ занг занед: 223-13-11; 93 880 28 19.