ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АВБОШӢ ДАР ДУШАНБЕ, САДАМА ДАР КОНСОЙ ВА ДУЗДИИ 17 ТЕЛЕФОН ДАР БОЗОРИ “ПАНҶШАНБЕ”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2023

Боздошт гардидани марди 26-сола бо ҷурми авбошӣ

121

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 8-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 17:00, ҳангоми дар таваққуфгоҳ қарор доштанаш марди 26-солаи сокини пойтахт ӯро дашномҳои қабеҳ намуда, зери лату кӯб қарор дода, сипас бо корди дар дасташ буда, ба қисмати чапи паҳлӯи қафаси синааш як зарба зада, ӯро захмӣ намудааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ронандаи “Ҳундай-Портер” дар ҳодисаи нақлиётӣ

114

Шаби 8-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Портер», Қулматов Тоҳирҷон Субонқулович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи Ашт ба самти ноҳияи Б.Ғафуров, дар наздикии даромадгоҳи шаҳраки Консой, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-2705”, ки таҳти идораи ронанда Ҳайдарзода Қурбонмуҳаммад Ҳайдар, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Мастчоҳ қарор дошт, бархурдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Портер», Қулматов Т.С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

155

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми августи соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҶДММ бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар 1-адад дучархаи барқии тамғаи “Скутер”, ки арзишаш 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур мароҷиат намудааст, ки 6-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 00:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи фурӯши телефонҳои мобилиаш, воқеъ дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хучанд 17-адад телефонҳои мобилии гуногунтамғаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташикил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 14-солаи сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳами тариқ, ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми декабри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ, аз заминҳои чарогоҳи деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button