PAA: “АНСОРУЛЛОҲ” ДАР ФАЙЗОБОД БАРОИ 50-60 МАРГТАЛАБ УРДУГОҲ СОХТААСТ
Нашрияи Pak Afghan Affairs (PAA, Пи Эй Эй), ки ба пайгирӣ, пажуҳиш ва таҳлили вазъи минтақа машғул аст, хабар дод, ки гуруҳи тундрави дар Тоҷикистон мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки асосан зодагони Тоҷикистонро муттаҳид мекунад ва дар Афғонистон қарор дорад, дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бадахшони Афғонистон урдугоҳҳои нав ташкил кардааст. Мақолаи Пи Эй Эй, ки бархе пораҳояшро хабаргузории русии Интерфакс иқтибос кардааст, иттифоқан рӯзи 9 сентябри соли 2023, дар рӯзи таҷлили солгарди 32-юми истиқлоли Тоҷикистон нашр шуд.
“Бино ба маълумоти манбаъҳо, як гуруҳи ҷангҷӯён бо номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар вилояти Бадахшон дар шимолушарқи Афғонистон, дар паҳлуи фурудгоҳи ин вилоят дар канораҳои шаҳри Файзобод урдугоҳҳои нав ташкил кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, дар ин урдугоҳ аз 50 то 60 террористи маргталаб ҷобаҷо карда шудаанд “, – хабар додааст Pak Afghan Affairs.
Файзобод бо 45 ҳазор аҳолӣ бузургтарин шаҳр ва маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон мебошад.
Дар мақола ҳамчунин таъкид шудааст, ки “кишварҳои ҳамҷавор бо Афғонистон аз ҳузури гуруҳҳои бузурги ҷангҷӯён, ки дар Афғонистон паноҳгоҳ ёфтаву дар инҷо фаъолияти худро ба роҳ андохтаанд ва аз қаламрави ин кишвар барои густариши амалиёти худ ба дигар кишварҳои минтақа истифода мебаранд, изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунанд”.
Ёдовар мешавем, тоза чанд рӯз қабл Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки 3 ҷангҷӯи “Ансоруллоҳ”, ки гӯё дар поёни моҳи август марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро дар мавзеи Кеврони ноҳияи Дарвоз гузашта буданд, субҳи 5 сентябр дар ҷараёни як амалиёти вижа кушта шуданд.
Тасдиқи дурустии ин хабар тавассути манобеи дигар муяссар нашуд. Худи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” то ҳол дар бораи ҳалокати афродаш дар қаламрави Тоҷикистон ягон баёния нашр накардааст.
Аз ин қабл, рӯзи 26 апрели соли 2023, тавре мақомоти амниятии Тоҷикистон хабар дода буданд, ду ҷангҷӯи дигари “Ансоруллоҳ”, ки низ аз Афғонистон ба ин тараф гузашта буданд, дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз байн бурда шуданд.
“Ҷамоати Ансоруллоҳ” гуруҳест, ки Амриддин Табаров, як узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки шароити сулҳи соли 1997 байни мухолифин ва ҳукумати Тоҷикистонро напазируфт ва дубора ба Афғонистон фирор кард, аз ҳисоби мухолифини аз ин сулҳ норозӣ ташкил кард. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло раҳбарии ин гуруҳи ҷангҷӯро дар Афғонистон як зодаи ноҳияи Нуробод бо лақаби “Маҳдӣ Арсалон” бар дӯш дорад.
Мақомоти Тоҷикистон “Ансоруллоҳ” -ро дар даст доштан дар ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи УБОП дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2010 ва ошӯбҳои мусаллаҳони солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар минтақаҳои Тавилдара ва Рашт айбдор мекунанд. Мақомот ин гуруҳро гоҳо “қаноати низомии ҲНИТ” низ меноманд, вале роҳбарони ҳизби наҳзат, ки ҳоло асосан дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо амал мекунад, ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, мақомоти амниятии Тоҷикистон барои таъкид кардан ба аҳамияти худ, дарёфти маблағгузориҳои бештар ва мулоҳизоти дигар махсус ва дониста миқёси таҳдиди “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва гуруҳҳои дигари ифротиро аз будаш хеле бузургтар нишон медиҳанд.