САДҲО КУШТА ДАР ЯК ЗАМИНЛАРЗАИ ПУРДАҲШАТ ДАР МАРОКАШ (ВИДЕО)

Бар асари заминларзаи сангини иқтидораш тибқи ҷадвали Рихтер аз 6,8 то 7,2 балл, ки шаби 8 сентябри соли 2023, тақрибан соати 23 рух дод, дар кишвари арабии Марокаш (Мағриб) дар шимолу ғарби қораи Африқо садҳо нафар ҷон бохтаанд.
Маркази заминларза дар як минтақаи мушкилраси кӯҳистон дар 70-километрии шаҳри Марокаш ва тақрибан 400-километрии шаҳри Работ, пойтахти ин кишвари арабӣ ҷойгир шуда буд.
Бино ба иттилои расмии ВКД Марокаш, ки субҳи 9 сентябр нашр шуд, офати табиӣ дастикам 296 кушта ба ҷо гузошт. Баъди чанде телевизиони Марокаш дар бораи 632 кушта ва беш аз 300 захмӣ бар асари заминларза хабар дод. Нимаи дуюми рӯзи 9 сентябр мақомоти Марокаш ҳалокати 820 нафар ва ҷароҳат бардоштани 672 нафари дигарро дар заминларзаи ахир тасдиқ карданд.
Шаби 9 сентябр ВКД Марокаш хабар дод, ки шумори ҳалокшудагон бар асари заминларза ба 2012 нафар расида, 2059 нафари дигар дар ин офати табиӣ маҷруҳ шудаанд. Вазъи 1404 нафар аз маҷруҳон вазнин гуфта мешавад.
Шабакаҳои Марокаш сабтҳои видеокамераҳои назоратиро нашр мекунанд, ки дар онҳо лаҳзаи зилзила сабт шудааст. Дар сабти видеокамераи як тарабхона дида мешавад, ки мардум оромона дар онҷо нишасти хӯроки шом хӯрда истодаанд, вале якбора аз ҷой бархоста, бо шитоб ба тарафи кӯча медаванд. Дар зери пои мардум пораҳои рехтаи шифти тарабхона дида мешаванд.
Маркази геофизикии Марокаш иқтидори заминларза дар кӯҳҳои Атласро тибқи ҷадвали Рихтер 7,2 балл баровард кардааст. Вале хадамоти геологии Амрико шиддати заминларза дар Марокашро 6,8 балл ҳисоб карда, хабар дод, ки замин дар умқи начандон зиёд – ҳамагӣ 18,5 километр такон хӯрдааст.
Шиддати заминларзаро дар шаҳрҳои дигари Марокаш, аз ҷумла дар пойтахташ Работ, ҳамчунин дар шаҳрҳои бандарии Касабланка ва Ас-Сувайра низ эҳсос кардаанд.
Сокинони шаҳри Марокаш ба хабаргузории Рейтерс хабар додаанд, ки дар қисмати қадимаи ин шаҳр, ки ба рӯйхатти Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шудааст, бар асари офати табиӣ чандин бино хароб шудааст. Як шабакаи маҳаллӣ лаҳзаи фурӯ рафтани манораи масҷиди Марокашро нашр кард.
Марокаш, ки арабҳо онро Мағриб ҳам ном мебаранд, 37 миллион аҳолӣ дошта, дар шимолуғарби қораи Африқо дар соҳили уқёнуси Атланс (Атлантик) ҷойгир шудааст. Аксари аҳолии Марокаш арабҳо ва забони давлатиаш арабист. Низоми давлатдории Марокаш подшоҳӣ буда, ҳокими кунуниаш малик Муҳаммади VI мебошад. Марокаш яке аз давлатҳои аз ҳама бой ва аз лиҳози сиёсӣ босуботи ҷаҳони Араб ба шумор меравад.

