САДАМАИ САХТИ 8 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ВАҲДАТ: ПАДАР ВА ДУ ФАРЗАНДАШ ҶОН БОХТАНД, БИБИЮ МОДАР ВА СЕ ФАРЗАНДИ ДИГАР – ДАР БЕМОРИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ҳалокати 4 нафар дар ду садамаи шабона дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. Садамаи аз ҳама мудҳиш бархӯрди як мошини “Тойота” бо 8 узви як оила ба мошини боркаши “Долун” дар нимашаби 8 сентябр дар шаҳри Ваҳдат буд, ки бар асари он ронандаи мошин бо ду фарзандаш: духтари 17-сола ва писари 12-солаи ин хонадон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, бибию модари онҳоро бо се фарзанди дигари ин оила, ки 2, 14 ва 15 сол доранд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд.
Бино ба иттилои ВКД, нимашаби 8-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 00:20, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Королла”, Маҳмадалиев Хуршед Муродалиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Ваҳдат”, дар ҳудуди кӯчаи Рӯдакӣ бинобар сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини боркаши тамғаи “Долун”, таҳти идораи ронанда, Идиев Сайдаҳмад Ашурович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Тойота-КОролла”, Маҳмадалиев Х.М. ва мусофиронаш Маҳмадалиева София Хуршедовна, соли таваллудаш 2006, Маҳмадалиев Юсуфҷон Хуршедович, соли таваллудаш 2011, сокинони шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари ин мошин: Маҳмадалиева Гулракат, соли таваллудаш 1952, Сатторова Нигора, соли таваллудаш 1983, Маҳмадалиева Мадина, соли таваллудаш 2008, Маҳмадалиев Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2009 ва Маҳмадалиев Абдулло, соли таваллудаш 2021, сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса гуфта нашудааст. Маълум нест, ки 8 узви оилаи Маҳмадалиевҳо дар он поси шаб ба куҷо сафар доштанд?
Ҳамчунин шаби 7-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 23:00, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Маҳмадов Шералӣ Сунатуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Манаси шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатзода Абдураҳим Раҳматшо, соли таваллудаш 2002, сокини Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, Давлатзода А.Р. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.