ТАШКИЛИ ЯРМАРКА БАРОИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ БО НАРХҲОИ ТО 30% АРЗОНТАР АЗ НАРХИ БОЗОР (3 АКС)
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бо нашри чанд акс хабар дод, ки рӯзи 6-уми сентябри соли 2023, бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорати корҳои дохилӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрока барои кормандони милтисия доир гардид.
Сухангӯи ВКД полковники милитсия Гул Маҳбуба дар гузоришаш гуфт, ки дар ин намоиш маҳсулоти хӯрока аз қабили гӯшту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, помидору бодиринг, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.
“Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хуб дар арафаи ҷашни Истиқлол ба шумор меравад”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Сухангӯи ВКД ёдовар шудааст, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин намоиш-фурӯши маҳсулот пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда мешавад. Маҳбуба Гул инро “шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ” номидааст.
Дар ҷомиа ташкили ярмаркаҳо барои кормандони милитсия ҳар дафъа вокунишҳои мухталиф ба бор меорад. Бархе аз роҳбарони ВКД интиқод мекунанд, ки молу маҳсулотро барои кормандони милитсия бо нархи нисбат ба дигар мардум арзонтар пешниҳод мекунанд. Аммо бисёриҳо аз ин иқдоми роҳбарони ВКД пуштибонӣ карда, онро шоистаи пайравӣ барои роҳбарони дигар идораву вазоратҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ мешуморанд.