
Шокир Собиров, раиси собиқи шаҳри Панҷакент ва вакили собиқи парлумони Тоҷикистон, бо ҷурми қаллобӣ ба 8 соли зиндон ва писараш Умед Собиров ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кшудаанд. Дар чорчӯби ин парванда Масъуд Халифаев, вазири собиқи сохтмони Тоҷикистон ва бародари шаҳрдори собиқи Душанбе Мақсуд Икромов низ маҳкум шудааст, вале идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳанӯз чӣ ҷазое гирифтани Халифаевро муайян карда натавонистааст. Додгоҳ онҳоро дар қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор донистааст, вале онҳое, ки Шокир Собиров ва Масъуд Халифаевро мешиносанд, мегӯянд, ки онҳо гирифтори туҳмат шуданд.
Шокир Собиров ва фарзандонаш Умед ва Далер Собировҳо дар аввали соли 2023 аз тарафи кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП) дастгир шуда буданд.
ВКД Тоҷикистон 2 феврали соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошти гуруҳи муташаккили ҷиноятии иборат аз аъзои як хонавода (падар ва ду фарзандаш) хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, дар фиреби як соҳибкори хонасоз ба маблағи беш аз 2 миллион доллар айбдор мешаванд. Сарвари ин хонавода Собиров Шокир Ҷобирович, ки ҳоло 68 сол дорад, дар солҳои 90 вакили парлумони Тоҷикистон аз Панҷакент ва ҳам чандин сол раиси шаҳри Панҷакент буд.
Худи дастгиршудагон ваё наздикону адвокаташон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ВКД он вақт иддао карда буд, ки Шокир Собиров ва фарзандонаш Умед ва Далер Собировҳо ба он айбдор мешаванд, ки аз соҳибкор Аъзам Собиров барои сохтани як бинои баландошёна дар пойтахт беш аз 2 миллион доллар гирифтаанд. Шаҳрдории Душанбе ба Аъзам Собиров барои сохтани маркази коргузорӣ ё маркази тиҷоратӣ иҷозати сохтмон дода будааст, вале Умед Собиров ба талаботи шаҳрдорӣ мувофиқ набудани бинои сохташуда онро қабул намекунад ва талаб мекунад, ки беш аз 2 миллион пули ба ҳисоби ширкати Умед Собиров гузарондаашро баргардонда диҳад.
Умед Собиров бо ҷониби даъвогар вориди баҳсҳои додгоҳӣ шуда, барои таъмини пирӯзии худ дар додгоҳ бо роҳи сохтакорӣ манзилҳои сохташударо ба номи хешу табораш ҳуҷҷат кардааст. ВКД мегӯяд, бисёре аз онҳое, ки манзилҳоро ба номашон ҳуҷҷатгузорӣ карда буданд, ҳатто хабар надоштанд, ки ба номи онҳо дар Душанбе чунин манзил ҳаст.
Умед Собиров дар гузориши нашршуда эътироф мекунад, ки азбаски Аъзам Собиров пулашро талаб дошт ва ӯ алакай ин пулҳоро дар сохтмони бино сарф карда, имкони баргардондани беш аз 2 миллион долларро надошт, маҷбур шуд, ки даст ба чунин сохтакорӣ бизанад.
Дар гузориш Собировҳоро ҳамчунон ба он айбдор карданд, ки 15 сол пеш аз шуъбаи бонки ҳоло муфлисшудаи “Тоҷиксодиротбонк” дар Панҷакент 150 ҳазор доллар қарз гирифта, то ҳол қарзи бонкро ҳам барнагардондаанд.
Вале чанде аз сокинони Панҷакент дар зери хабари боздошти Шокир Собиров ва фарзандонаш аз ӯ ҳимоят карда, навишта буданд, ки саҳми ӯ дар наҷоти сокинони Панҷакент аз гуруснагӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бузург буд. Ба назари онҳо, худи ин парванда ҳам бештар ба баҳси тиҷоратӣ шабоҳат дорад, то ба қаллобӣ.

