АфғонистонВидеоҲуқуқи инсон

ВКД: “БЕГМАҲМАД” ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН НЕСТ, НОМАШ АСЛИШОСТ ВА ХУДАШ – АЗ АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)

Ахиран як шабакаи интернетии Афғонистон бо номи “Бадахшон Медиа”  қиссаи мардеро бо номи “Бегмаҳмад” нақл кард, ки иддао дошт, ки шаҳрванди Тоҷикистон буда, солҳои зиёде дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст, вале мақомоти тоҷик ахиран ӯро аз кишвар берун андохта, иҷозати вуруди дигарбора намедиҳанд.

Аммо ВКД Тоҷикистон рӯзи 7 сентябри соли 2023 ин иддаоро рад кард ва гуфт, қаҳрамони видео дар асл Аслишо Мирзогули Ҷондоршо, санаи таваллуша 12 феврали соли 1973, падари ду фарзанд ва шаҳрванди Афғонистон буда, тақрибан солҳои 1995-1996 аз Афғонистон ҳамчун гурезаи ғайрирасмӣ ба Тоҷикистон омадаст.

ВКД менависад: “Номбурда, аз ҳамон вақт шиносномаи шаҳрванд Давлатов Бегмаҳмад Хурсандовичро дастрас намуда, бо роҳи сохтакорӣ соҳиби шиноснома гардидааст. Ҳангоми санҷишу баррасӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо даст задани номбурдаро муайяну ошкор намуда, маводи ҷамъовардашуда нисбати Аслишо Мирзогули Ҷондоршо ҳамчун бо ному насаби тақаллубии «Давлатов Бегмаҳмад Хурсандович» ба прокуратураи ноҳияи Сино ирсол гардида, бо моддаи 340 (сохтакорӣ), қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2019 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 соли колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин гардидааст”.

Баъди адои ҷазо, тахминан охирҳои соли 2020 Аслишо Мирзогули Ҷондоршо ба Афғонистон баргашта, бо ному насаби дигар, яъне Тоҷик Бек Муҳаммад, санаи таваллудаш 24 апрели соли 1972, шиносномаи Ҷумҳурии исломии Афғонистонро соҳиб гашта, 9 июли соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаатс. Мӯҳлати раводиди ӯ 4 феврали соли 2022 ба итмом мерасад ва 1 июли соли 2022 аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД нисбати номбурда бар асоси моддаи 499 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди огоҳӣ таъин карда шудааст.
ВКД гуфт, “Бегмаҳмад”  бо вуҷуди огоҳӣ ҳудуди Тоҷикистонро тарк накарда, такроран талаботи қоидаҳои иқоматро дағалона вайрон мекунад ва ин дафъа бо қарори боз ҳамон додгоҳи ноҳияи Синои ш.Душанбе аз 18 августи соли 2022, бар асоси моддаи 499, қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 960 сомонӣ, бо берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
ВКД ҳамчунин таъкид кардааст, ки шаҳрванди Афғонистон Аслишо Мирзогули Ҷондоршо расман барои гирифтани иҷозати зисти доимӣ ва қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат накардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки дар вақташ кадом мансабдори фасодзадае дар Тоҷикистон б эҳтимоли ғолиб дар ивази пул барои ин бечора шиноснома дуруст карда, итминони хотираш додааст, ки ӯ дигар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вале ҳангоми тафтиши асноди гуразаҳои афғон ин кор ошкор шудааст.

Раддия ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршудаи шаҳрванди Афғонистон

292Вобаста ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршудаи як нафар бо номи «Бегмаҳмад», ки гӯё ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будаасту солҳои зиёд дар бахшҳои гуногун кор карда, сипас ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон берун (депортатсия) карда шудааст, чунин иттило медиҳем:

Ин нафар Аслишо Мирзогули Ҷондоршо, соли таваллудаш 12 феврали соли 1973, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таҳсилот надорад, оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад, ки тақрибан солҳои 1995-1996 аз ҶИА ҳамчун гурезаи ғайрирасмӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Номбурда, аз ҳамон вақт шиносномаи шаҳрванд Давлатов Бегмаҳмад Хурсандовичро дастрас намуда, бо роҳи сохтакорӣ соҳиби шиноснома гардидааст.289
Ҳангоми санҷишу баррасӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо даст задани номбурдаро муайяну ошкор намуда, маводи ҷамъовардашуда нисбати Аслишо Мирзогули Ҷондоршо ҳамчун бо ному насаби тақаллубии «Давлатов Бегмаҳмад Хурсандович» ба Прокуратураи ноҳияи Сино ирсол гардида, бо моддаи 340 (сохтакорӣ), қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2019 бо ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин гардидааст.
Баъди адои ҷазо, тахминан охирҳои соли 2020 Аслишо Мирзогули Ҷондоршо ба ҶИА баргашта, бо ному насаби дигар, яъне Тоҷик Бик Моҳаммад, соли таваллудаш 24 апрели соли 1972, шиносномаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро соҳиб гашта, 9 июли соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад ва мӯҳлати раводидаш 4 феврали соли 2022 ба итмом мерасад.
1 июли соли 2022 аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД нисбати номбурда бо моддаи 499 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди огоҳӣ таъин карда шудааст.
Ӯ бо вуҷуди огоҳӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накарда, такроран талаботи қоидаҳои иқоматро дағалона вайрон мекунад, ки бо қарори Суди ноҳияи Синои ш.Душанбе аз 18 августи соли 2022, бо моддаи 499 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 960 сомонӣ, бо берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аслишо Мирзогули Ҷондоршо расман барои гирифтани иҷозати зисти доимӣ ва қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат накардааст.

291
290
296
293

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button