АфғонистонВидеоМуҳоҷирон

НАШРИ ВИДЕОИ МУСОДИРАИ 270 КИЛО ҲЕРОИН АЗ ЯК НАРКОБАРОНИ ТОҶИК

Нашрияи русии Лента.Ру рӯзи 6 сентябри соли 2023 видеои аз ҷониби маркази матбуоти ВКД Русия ироашударо нашр кард, ки дар он ҷараёни мусодираи 270 кило ҳероин аз як наркобарон аз  Тоҷикистон бо номи Ғуломҷонро нашр кард.

Қаблан, рӯзи 1 сентябр забар расида буд, ки пулис дар вилояти Маскави Русия аз як қочоқбар 270 кило маводи мухаддири, ба эҳтимоли ғолиб, ҳероинро мусодира кардааст.

Ирина Волк, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Русия гуфта буд: “Кормандони пулис дар минтақаи Наро-Фомински вилояти Маскав аз як шаҳрванди хориҷӣ тақрибан 270 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд “. Дар видеои нашршуда гуфта мешавад, ки ташхис нишон дод, ки 270 кило маводи мухаддири ёфтшуда дар ҳақиқат ҳероин будааст.

Нархи чунин миқдори ҳероин дар бозори сиёҳ на камтар аз 2,7 миллиард рубл, ё ҳудуди 3 миллион доллар аст. Чунин миқдори бузурги ҳероин дар Русия дар солҳои охир бори аввал мусодира мешавад.

ВКД Русия исми наркобарони дастгиршуда ва аз кадом кишвар будани ӯро нашр накард, вале Телеграм-канали Mash, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздик аст, бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки ин миқдори бузурги ҳероинро дар вилояти Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Ғуломҷон пайдо кардаанд. Бино ба иттилои ин канал, Ғуломҷон дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Шелковик” дар деҳаи Лобановои ноҳияи Истра ба сар мебурд.

 “Султони ҳероинфурӯшӣ made in Tajikistan дар минтақаи Наро-Фомински вилояти Маскав ба даст афтод. Аз мошини ӯ ва махфигоҳҳояш дар умум 270 кило хокаи нархаш на камтар аз 2,7 миллиард рубл пайдо шудаст. Султони ҳероинфурӯш дар ҳудуди ҷамъияти боғдории СНТ “Шелковик”  дар деҳаи Лобаново зиндагӣ мекард. Бино ба иттилои мо, кормандони пулис аввал аз курсии қафои мошини Ғуломҷон як кило бор Ёфта, тасмим гирифтанд, ки макони зисташро ҳам кофтукоб кунанд. Ва дар ин хона як хазинаи бузургро пайдо карданд. 214 кило ҳероин дар бастаҳо тақсим карда шуда, боқимондааш дар 6 халтаи ҳар кадомаш 8 килою 300 грамм нигоҳ дошта мешуд. Дар умум  Ғуломҷон 270 кило маводи мухаддирро пинҳон карда буд ва тавассути мошинаш, тамғаи “Vokswagen Polo” мефурӯхт. Ба зидди ӯ парванди ҷинояӣ кушодаанд ва акнун Ғуломҷонро ба ҷои зиндагии шоҳона кунҷи зиндон мунтазир аст”, – навиштааст канали Mash.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button