ПАДАРИ МОДАРИ СОЛХӮРДА ВА ХОҲАРИ ЯК ФАЪОЛИ ТОҶИКРО БА… АВБОШИИ ГУРУҲӢ АЙБДОР МЕКУНАНД

Фарҳод Худоёров, фаъоли сиёсӣ аз ноҳияи Рашт, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, хабар дод, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Рашт рӯзи 6 сентябри соли 2023 падару модар ва хоҳари ӯро бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ дастгир кардаанд. Падари ӯ Абдулло Худоёров 78 сол, модараш Мавҷигул Ғарибова 68 сол доранд ва соли таваллуди хоҳараш Мадина Худоёрова 1992 мебошад.
Фарҳод Худоёров рӯзи 7 сентябр дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, падару модари солхӯрдаи ӯро ба он гунаҳкор кардаанд, ки гӯё як хешованди Абдулло Азимовро, ки бо ҷурми куштани набераи онҳо Алиризо Худоёров ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст, зада бошад.
Фарҳод Худоёров мегӯяд: “Модарам аз сӯзиши дилаг гоҳо нисбат ба авлоди онҳое, ки наберааш Алиризоро куштанд, гапҳои сахт мезад, вале падарам як инсони чунон беозор аст, ки ҳатто дар ин ҳама гирудоре, ки оилаи мо чанд соли охир паси сар кард, ягон бор номаш садо надодааст. Асли моҷаро чунин аст, ки шаби 4 ба 5 сентябр раиси деҳа ҳамроҳи имоми масҷиди деҳаи Яшм ва Судобаи Искандар, ҳамсари Абдулло Азимов ва боз чанде аз оилаи онҳо ба хонаи мо омада, ба сари падару модарам ва хоҳарам, ки низ онҷо зиндагӣ мекунад, шӯридаанд, ки гӯё мо шланг, яъне лӯлаи оби Азимовҳоро маҳкам карда бошем. Ҳол онки лӯлаи оби онҳо аз хонаи мо ягон 200 метр дуртар асту падару модари ман наметавонистанд онро бубанданд. Дар ин замина байни ду тараф хархаша шудааст, дар рафти ин моҷаро телефони хоҳари маро зада шикаста, худашро латтукӯб кардаанд. Дар хонаи худамон! Ба болои ин, он тараф рафта, санади тиббӣ гирифтаанд, ки гӯё падару модар ва хоҳари ман як додари Судобаи Искандарро, ки 16 ило 17 сол дорад, зада, ба ӯ осеби ҷисмонӣ расонда бошанд”.
Назари тарафи дигар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Рашт ба ин қазия ҳанӯз дастрас нашудааст, вале Фарҳод Худоёров ин хархашаи шабонаро “фармоишӣ” мешуморад ва бар ин аст, ки Азимовҳоро он шаб ҳамроҳи калонҳои деҳа махсус ба хонаи онҳо фиристодаанд, то ба зидди онҳо боз як парвандаи дигар бикушоянд.
Фарҳод Худоёров, ки дар гузашта раис созмони ҳизби мухолифи сотсиал демократи Тоҷикистон дар водии Рашт буд, ва бародари блогераш Ҷунайдулло Худоёров бо ифшо кардани мавридҳои коррупсия ва қонуншиканӣ дар ноҳияи Рашт ном бароварда, Фарҳод Худоёровро як дафъа барои 15 рӯз ва бародараш Ҷунайдуллоро бо ҷурми зоҳиран бофтаи “салафигароӣ” ба 2 соли зиндон маҳкум карда буданд.
Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 22 июни соли 2023 дар шаҳри Берёзовои ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси дар шимоли Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон дубора дастгир шуд ва дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздоштгоҳ қарор дорад. Раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт ба зидди Ҷунайдулло Худоёров бар асоси шикояти ҳамон авлоди душманашон аз деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзода (собиқ Шулмак) боз ҳам бар асоси моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст.
Модари онҳо Мавҷигул Ғарибова соли гузашта дар пайи як муноқишаи дигар бо намояндагони авлоде, ки дар куштани набераи ӯ Алиризо Худоёров айбдор дониста шуданд, бо ҷурми … авбошӣ маҳкум ба зиндони шартӣ шуда буд ва дар сурати то ба додгоҳ рафтани парвандаи наваш ба ин зани 68-сола ин дафъа ҳукми зиндони воқеӣ таҳдид мекунад.
Бар асоси моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба падару модари солхӯрда ва хоҳари Худоёров ҳамчун ҷазо то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Хусумат байни авлоди Худоёровҳо аз як тараф ва авлоди Азимовҳо ва Ҳусейновҳо дар деҳаи Яшм таърихи чандинсола дорад. Соли 2018 баҳси байни ҷавонон аз ин ду авлод дар бозии волейбол то ба парвандаи ҷиноятӣ ва маҳкум шудани ду тан аз Худоёровҳо кашида буд. Ҷунайдулло Худоёров низ дар соли 2019 бар асоси баёноти намояндагони ҳамон авлоди рақиб ба “салафигароӣ” айбдор ва ба 5 соли зиндон маҳкум гардида, танҳо баъди як сол бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад. Худи ӯ иттиҳоми “салафигароӣ”ро қатъиян рад мекард ва парвандаашро интиқоми мақомоти ноҳия ва шахсан раиси вақти ноҳия Қаноатшо Лоиқзода барои мақолаҳои танқидиаш меномид.
Дар ин байн, рӯзи 10 июли соли 2021 хусумати байни ин ду авлод дар деҳаи Яшм ба куштор анҷомид. Чанд нафар аз авлоди Ҳусейновҳо ва Азимовҳо дар ҷараёни муноқишаи навбатӣ Алиризо Худоёров, бародарзодаи Ҷунайдулло Худоёровро дар кӯча танҳо дида, ба сурати гурӯҳӣ латтукӯб карданд ва кордаш заданд. Мутаассифона, Алиризо аз рафтани хуни зиёд ҷон дод.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7 январи соли 2022 сокинони деҳаи Яшми ноҳияи Рашт Ҳусейнов Зафарҷон ва Азимов Абдуллоро бо ҷурми куштани ҳамдеҳаашон Алиризо Худоёров мутаносибан ба 19 ва 17 соли зиндон маҳкум кард. Худоёровҳо талаб доштанд, ки дар куштани Алиризо 5 нафар аз он авлод иштирок доштанд ва бояд ҳамааш ба зиндон кашонида шаванд.