ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ДАР НОРАК ВА ҲАЛОКАТИ МӮСАФЕДИ 60-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС” ДАР ДЕҲМОЙ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023

Ҳалокати пиёдагардон дар натиҷаи садамаҳои наклиётии марговар

21

4-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 08:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Долун», Қараев Орзу Сафармаҳмадович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Саригузари шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҷабборзода Нозанин Манучеҳр, соли таваллудаш 2022, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҷабборзода Н.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

3-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳусайнов Шоҳрух Ҳотамҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми харакат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Истаравшан» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Отаҷонов Юсуфҷон Мамадҷонович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҷ.Расуловро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Отаҷонов Ю.М. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобии марду зан

25

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2022, зани 30 ва марди 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 255 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button