КУШТА ШУДАНИ СЕ ҶАНГҶӮИ “АНСОРУЛЛОҲ” ДАР НОҲИЯИ БО АФҒОНИСТОН ҲАММАРЗИ ДАРВОЗ (ВИДЕО+15 АКС)

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри 15 акс ва як гузориши видеоӣ хабар дод, ки субҳи 5 сентябри соли 2023 дар як задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон се ҷангҷӯи узви гуруҳи дар Тоҷикистон мамнӯъ ва созмони террористӣ эълоншудаи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” кушта шуда, аз ҷои ҳодиса ва пинҳонгоҳи аз қабл омодакардаи ҷангҷӯён 12 мил силоҳ ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ ва маводи лозим барои сохтани бомбҳои худсохт ёфт ва мусодира шудааст. Кумитаи амният гуфт, ин ҳанӯз шаби 29 ба 30 августи соли 2023 ин “се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хатти сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба таври ғайриқонунӣ вайрон карданд”.
Гуфта мешавад, убури марз аз сӯи ҷангҷӯён саривақт аз тарафи сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор гардида, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.
“Қаламрави масири ҳаракати террористон дар минтақаи наздисарҳадӣ иҳота ва зери назорат гирифта шуд. Субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ, дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд. Террористон ба амри кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз тамоми намуди силоҳи дар ихтиёрдоштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ се нафар аъзои гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ безарар гардонида шуданд”, гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи амният. Дар бораи талафоти нирӯҳои давлатӣ дар ин задухӯрд дар иттилоия чизе гуфта нашудааст.
Бино ба гузориши КДАМ, дар натиҷаи таҳқиқ, озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда ва ҷасадҳои кушташудагон муайян гардид, ки онҳо аъзои зерини “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд:
1. Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович (бо лақаби «Усмон»), зодаи ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара, яке аз саркардагони «Ҷамоати Ансоруллоҳ»;
2. Баҳодуров Фарҳод Башарович (лақабаш «Абу Мусъаб»), зодаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод;
3. Қосимов Аҳтам Султонович (лақабаш «Убайда»), зодаи шаҳри Кӯлоб.
Таъкид шудааст, ки нисбат ба ин се нафар қаблан бар асоси моддаи 401, эзоҳи 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо парванда оғоз гардида, ҳарсе дар ҷустуҷӯ қарор доштаанд.
КДАМ гуфт, дар ҷараёни таҳқиқ муайян карда шуд, ки дар баробари силоҳҳое, ки ин се ҷангҷӯ бо худ доштанд, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда буудаанд.
Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса ва аз пинҳонгоҳ силоҳ ва муҳиммоти ҷангии зерин дарёфт ва мусодира карда шуданд:
— 5 адад автомати Калашников;
— 2 силоҳи снайперии М-16 (истеҳсоли ИМА);
— 1 карабини М-4 (истеҳсоли ИМА);
— 1 таппончаи тамғаи «JF (ИМА);
— 1 таппончаи «Беретта» (Италия);
— 2 таппончаи СZ Р07 (Чехия);
— 9 норинҷаки дастии Ф-1;
— 4 норинҷаки дастии GP М-67 (бо ҳалқача);
— 22 тирдони автомат Калашников ва АК-7,62;
— 31 тирдони М-16;
— 10 адад тирдони таппонча;
— 448 дона тири 7,62 мм;
— 2 632 дона тири 5.56 миллиметра;
— 477 дона тири таппончаи 9 миллиметра;
— 50 дона тири таппончаи «Глок»;
— 2 адад дурбини автомати М-4;
— 1 адад дурбини шаббини автомати М-16;
— 1 адад асбоби лазерии нишонгири автомати М-4;
— 4 адад садохомӯшкунаки (глушители) автомати М-4;
— 30 адад пластид (маводи таркандаи S-4 (истеҳсоли ИМА)), бо имконоти тахрибии махсусан калон;
— 162 капсул-детонатори тамғаи «Shan»;
— 5 адад воситаи тарконандаи махсус;
— 2 адад таҷҳизоти идоракунандаи фосилавии маводи тарканда;
— 1 рулон таноби оташбар;
— 1 асбоби ченкунии электронии моҳворавии мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавии ҳадафи мавриди назар;
— 105 адад батареяҳои электронии қувватдиҳанда;
— 2 соати электронии идоракунии маводи тарканда;
— 1 соати механикии танзимкунандаи маводи тарканда;
— 3 бастаи сими махсус барои пайвастсозӣ ба маводи тарканда (дарозии ҳар кадом ба андозаи 150 метр);
-1 дурбини шаббин;
— 1 дурбини одӣ;
— 4 ратсияи «ICOM» ;
— 2 ратсияи «Кобра»;
— 4 антенаи захиравии ратсия;
— 1 қувватдиҳандаи батарея;
— 5 ноқили USB;
— 1 ноқили AUX;
— 2 микросхема барои идоракунии маводи тарканда;
— 5 флешкорт;
— 10 ҳазор доллари ИМА;
— дору ва воситаҳои тиббӣ;
— адабиёти динӣ-ифротӣ;
— дафтарҳои аъзои гурӯҳи террористӣ бо харита, нишонаҳо, рӯйнависҳои тарзи омода кардани маводи тарканда, шаклҳои ҷойгир кардани онҳо дар шароити хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои давлатӣ, макони серодам ва дигар санадҳо.
КДАМ гуфт, ин нахустин талоши аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҷиҳати ноором сохтани вазъият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Қаблан 26 апрели соли ҷорӣ 2 узви ин гуруҳ бо мақсади анҷом додани актҳои террористӣ хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба таври ғайриқонунӣ рахна карда, ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд, вале ҳардуро дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ безарар гардонданд.
“Таҳлил ва арзёбии далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки ин амалиётҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсус мақсаднок тарҳрезӣ шудаанд. Гурӯҳҳои террористии мазкур таҳти роҳнамоии чунин сохтор омодагии ҷангӣ дидаанд. Бо силоҳу муҳиммот, маводи тарканда таъмин ва ҳамчунон маблағгузорӣ гардидаанд”, гуфта мешавад дар иттилоия.
Кумитаи амният гуфт, вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.
“Ҷамоати Ансоруллоҳ” гуруҳест, ки Амриддин Табаров, як узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки шароити сулҳи соли 1997 байни мухолифин ва ҳукумати Тоҷикистонро напазируфт ва дубора ба Афғонистон фирор кард, аз ҳисоби мухолифини аз ин сулҳ норозӣ ташкил кард. Мақомоти Тоҷикистон “Ансоруллоҳ”ро дар даст доштан дар ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи УБОП дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2010 ва ошӯбҳои мусаллаҳони солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар минтақаҳои Тавилдара ва Рашт айбдор мекунанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло раҳбарии ин гуруҳи ҷангҷӯро дар Афғонистон як зодаи ноҳияи Нуробод бо лақаби “Маҳдӣ Арсалон” бар дӯш дорад.
АКСҲО аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон














