ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ 13 МАЙЗАДАВУ БОМЖ ДАР ҶАРАЁНИ ЯК РЕЙД ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ДУШАНБЕ (8 АКС)

Маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  рӯзи 5 сентябри соли 2023   бо нашри аксҳои зиёд хабар дод, ки дар ҷараёни як рейди вижа, ё корҳои профилактикӣ танҳо дар як шабонарӯз ва танҳо дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 13 нафар аз шаҳрвандони бе макони зист ва майзада, ки дар кӯчаҳои пойтахт ба оворагардӣ машғул буда, дар ҳолати мастӣ дар канори роҳҳо хобида буданд, муайян карда шуда, ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи оворагардон ва ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

“Дар натиҷа, бо баргузор намудани суҳбатҳои профилактикӣ шахсияти онҳо муайян ва ба майзадагон ёрии тиббӣ расонида шуд. Қобили зикр аст, ки аксари онҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Бохтар, Хоруғ ва ноҳияи Шаҳритус, ҳамзамон сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд буда, дар шаҳри Душанбе ба оворагардию майзадагӣ машғуланд”, -гуфта шудааст дар иттиллоияи милитсияи пойтахт.
  Милитсия афзуд, гарчанде мақомоти милитсия дар натиҷаи амалиётҳои профилактикию пешгирикунанда чунин афродро муайян ва то бартараф гаштани ҳолати сархушӣ ба муассисаҳои махсусгардонидашуда дастрас мекунанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин роҳи ҳалли пурраи масъала набуда, вобаста ба ин масъулини сохторҳои марбута, махсусан вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои масъулро мебояд, бо мақсади ба ҷойи кору макони зист ва барқарор намудани саломатию раҳоӣ ёфтан аз майзадагӣ мусоидат намоянд.

Милитсия гуфт, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, махсусан нозирони минтақавии милитсия ба таври ҳамешагӣ бо мақсади муайян намудани сабабу шароитҳои машғул шудани баъзе аз шаҳрвандон ба оворагардиву майзадагӣ, муайян ва ба маконҳои махсусгардонидашуда дастрас намудани афроде, ки дар ҳолати сархушӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ қарор доранд, ҳамзамон дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ҷиҳати бо ҷои кор ва макони зист таъмин намудани онҳо корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд. Қаблан низ бо мусоидати милитсияи пойтахт дар доираи иқдомҳои инсонпарварона чандин нафарони бе ҷойи зист бо кор ва макони будубош таъмин карда шудаанд.
  Мутаассифона, мегӯяд милитсияи Душанбе, новобаста аз чораандешиҳои ҳамешагии мақомоти милитсия, ҳанӯз ҳам дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе чунин афроди бе макони муайяни зист ва шахсони майзадаро мушоҳида намудан мумкин аст, ки бе шубҳа чунин ҳолатҳо боиси хира гаштани табъи шаҳрвандону меҳмонони пойтахт мегардад.

  Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ваъда додааст, ки  минбаъд низ баргузории чунин амалиётҳои профилактикию пешгирикунандаро идома дода, аз шаҳрвандон низ хоҳиш менамояд, ки бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолатҳо саҳми худро гузоранд.






Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button