АфғонистонВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

БА ЛАБҲОЯТ БИЗАН МӮҲРИ ХАМӮШӢ! ТОЛИБОН КАРЗАЙРО АМАЛАН БА ҲАБСИ ХОНАГӢ АНДОХТААНД

Пойгоҳи хабарии “Афғонистон Интенешнал” (“Afghanistan International”) рӯҳи 5 сентябри соли 2023 бо такя ба манобеаш хабар дод, ки раисиҷумҳури собиқи Афғонистон, Ҳомид Карзайро гурӯҳи “Толибон” таҳти назорати худ қарор дода аст ва равобити ӯ бо ҷаҳони берунро қатъ карда, маҳдудиятҳои ҷиддие дар роҳи ҳаракатҳои ӯ ҷорӣ кардаанд.

Дар навбати худ “Толибон” бошанд иддао кардаанд, ки “ин маҳдудиятҳо ба хотири муҳофизат аз Карзай дар баробари ҳамалоти ДОИШ” роҳандозӣ шудааст.

Карзай, ки ҳоло 65 сол дорад, дар поёни соли 2001, дар пайи суқути режими якуми “Толибон” аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ба қудрат расид ва то соли 2014 раёсати Афғонистонро дар даст дошт.

Бино ба навиштаи Afghanistan International, Ҳомид Карзай дигар наметавонад бе иҷозати роҳбари “Толибон” бо сафирони хориҷӣ, мардуми оддӣ ва мақомдорони ин гурӯҳ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Ҳамчунин, аз ин пас, Карзай бе иҷозати “Толибон” наметавонад ба дохил ва ё хориҷ аз Афғонистон низ сафар дошта бошад.

Як шахси наздик ба Карзай ба Afghanistan International гуфтааст, ки “шаш рӯз пеш “Толибон” ба Ҳомид Карзай иҷозаи мулоқот бо ҳайате аз маҷлиси Эронро надоданд”.

Бо ин ки Карзай дар замони режими кунунии “Толибон” тайи ин ду сол чандин маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафар карду боз ба Афғонистон баргашт, аммо пас аз охирин сафари ӯ ба Британияи Кабир, “Толибон” пурра ӯро аз ҳаққи сафар кардан маҳрум кардаанд. Чунончи чанде пеш ба Карзай иҷозат надоданд то ба Олмон сафар кунад.

Манобеи наздик ба Ҳомид Карзай тасдиқ кардаанд, ки “айни ҳол ӯ бо сарнавишти номаълуме рӯ ба рӯ аст ва танҳо умедвор аст, ки бо тағйири вазъи сиёсии Афғонистон, вазъияти ӯ низ тағйир кунад”.

Бино ба гуфти ҳамсӯҳбати Afghanistan International, “феълан ягон робитае байни Ҳомид Карзай ва роҳбари “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода вуҷуд надорад. Оқои Карзай низ ҳеҷ талоше барои барқарории иртибот бо мулло Ҳайбатуллоҳ накардааст, то маҳдудиятҳо нисбат ба ӯ аз байн бардошта шавад”.

Бо ин ки Ҳомид Карзай ва роҳбари гурӯҳи “Толибон” ҳарду аз Қандаҳоранд, аммо “толибони қандаҳорӣ” бо ӯ иртиботе надоранд. Чигуна, ки дида мешавад, баръакси “толибони қандаҳорӣ” асосгузори шабакаи “Ҳаққонӣ” ва вазири корҳои дохилаи ҳукумати “Толибон”, Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо Карзай муомилаи нисбатан хубтар дошта, бо ӯ дар тамоси доимӣ будааст. Бино ба гуфтаи шахсони наздик ба Ҳомид Карзай, “Сироҷиддин Ҳаққонӣ вақтҳои охир чандин маротиба ба хонаи Карзай омада, бо ӯ дидору гуфтушунид кардааст”.

Манбаъ меафзояд, ки ба ҷуз Ҳаққонӣ инчунин Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати “Толибон”, Шаҳобиддин Диловар, вазири маодин ва нафт ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихборот, яъне идораи амният ва ҷосусии “Толибон” аз ҷумлаи дигар мақомдорони гурӯҳи “Толибон” ҳастанд, ки ба хонаи Карзай рафтуомад мекарданд.

Гумон меравад,роҳбари гурӯҳи “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзодааз тарси аз фармонҳои подарҳаво ва асрисангии ӯ саркашӣ накардани мансабдорони кунунӣ ва ҳам аз бими он ки Ҳомид Карзай бо дигар мансабдорони ҳукуматаш гап як карда, онҳоро аз тарзи кору бори давлату давлатдории замони муосир огоҳ ва дар оянда барои ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ моил накунад, онҳоро аз ҳам ҷудо кардааст.

Бояд гуфт, ин маҳдудиятҳо замоне болои Карзай ҷорӣ карда шуд, ки шуморе аз чеҳраҳои шинохташуда ва баландпояи “Толибон” возеҳу равшан зимни сӯҳбатҳои худ ба расонаҳо ва баромадҳои худ таъкид мекарданд, ки мухолифи инҳисори қудрат дар Қандаҳор, мамнӯъ шудани ҳаққи таҳсилу кори занону духтарон буда, тарафдори оғози “гуфтушунидҳои байнаиафғонӣ” ва ташкили ҳукумати ҳамашумули миллӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони France 24 мегӯяд, ки “Толибон” ба хабарнигорони ин расона иҷозат надоданд, то бо Карзай мусоҳиба анҷом диҳанд. Расонаҳои дохилии Афғонистон низ тасдиқ кардаанд, ки “Толибон” гуфтугӯи Карзай бо расонаҳоро мамнӯъ кардаанд.

Гуфта мешавад, дархости “толибони қандаҳорӣ” аз Карзай ин будааст, ки аз изҳори назар дар мавриди мамнӯъияти таҳсилу кори занон, зарурати ташкили ҳукумати фарогири миллӣ ва “гуфтугӯи байналафғонӣ” худдорӣ кунад. Ба боварии “толибони қандаҳорӣ”, “касоне ки аз ҳукумати “Толибон” ҳимоят намекунанд, наметавонанд аз он интиқод кунанд”. Бино бар ин, ба Карзай гуфтаанд, ки “монанди шаҳрванди оддӣ сукутро ихтиёр кунад ва ба зиндагии омиёнаи худ идома диҳад”.

Бояд ёдовар шуд, ки пас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон аз тарафи гурӯҳи “Толибон” бисёре аз мансабдорон ва шахсиятҳои бонуфуз кишварро тарк намуданд, вале баъзе аз сиёсатмадорони афғон, ба мисли Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон, доктор Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ва Адиб Фаҳим (писари маршал Фаҳим) бо кадом умеде дар зери султаи “Толибон” дар Кобул боқӣ монданд. Карзай ва доктор Абдуллоҳ ҳатто ҳамроҳ бо Гулбиддин Ҳикматёр шӯроеро барои миёнаравӣ барои интиқоли қудрат аз ҳукумати қаблӣ ба Толибон таъсис доданд, вале ин гуруҳи тундрав, ки тоза Кобул ва дигар вилоятҳои Афғонистонро тасарруф карда, шаҳди пирӯзӣ ҳанӯз дар ком дошт, ба сароҳат ба онҳо фаҳмонданд, ки ба миёнаравиашон зарурате намебинанд.

Ҳомид Карзай дар даврони президенти Афғонистон буданаш, дар баробари “Толибон” мавқеи нисбатан нарм дошт ва ҳатто онҳоро “бародар” садо мекард. Аммо ӯ имрӯз дар шароите қарор дорад, ки эҳтимол фикрашро ҳам намекард.  Нозирон мегӯянд, агар “Толибон” бо Карзай чунин рафтору бархӯрд кунанд, фикр кардан дар мавриди вазъияти доктор Абдуллоҳ ва дигар сиёсатмадорони собиқи афғон, ки бо умеди наволае аз хони “Толибон” дар кишвар монданд, хеле душвор аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button