ОВОЗХОНИ МАШҲУР ШЕРАЛӢ ҶӮРАЕВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон (аз соли 1987) ва Тоҷикистон (соли 2018), яке аз машҳуртарин овозхонҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, рӯзи 4 сентябри соли 2023 дар синни 77 дар шаҳри Тошканд аз олам чашм пӯшид. Иллати марги ҳунарманди маъруф мушаххасан гуфта нашудааст. Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон танҳо гуфт, ки Шералӣ Ҷӯраев чанд вақт боз бемор буд.
Дар номаи таслият бо имзои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарвазир, раисони ҳарду палатаи парлумон ва вазири фарҳанги ин кишвар нашр шуд, гуфта мешавад, ки:
“Фарҳанг ва ҳунари Ӯзбекистон ба талафоти сангин дучор шуд. Намояндаи барҷастаи ҳунари овозхонии миллӣ, устоди аксари устодони фарҳанг, овозхони маҳбуби миллионҳо Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 77 даргузашт. Хотираи неки ин устоди нотакрори ҳунар, инсони поку хоксор ва устоди ғамхору сахтгири ҷавонон ҳамеша дар ёди мо хоҳад монд.”
Шералӣ (Шермат) Ҷӯраев 12 апрели соли 1947 дар ноҳияи Ленин (ҳоло тумани Асака) дар вилояти Андиҷон ба дунё омада, соли 1971 Донишкадаи театриву ҳунарии шаҳри Тошкандро хатм кард. Ӯ ибтидо дар ансамбли “Шодлик”, сипас дар филармонияи вилояти Андиҷон ва филармонияи давлатии Ӯзбекистон, баъдан дар иттиҳодияи “Узбекконсерт” кор карда, солҳои 1990-1995 вакили парлумони Ӯзбекистон буд.
Дар даврони ҳукмронии Ислом Каримов Шералӣ Ҷӯраев ба рӯйхатти сиёҳ афтода буд ва таронаҳои ӯро дар радиову телевизионҳои Ӯзбекистон нашр намекарданд ва ӯ ба консертҳои расмӣ даъват намешуд. Танҳо баъди марги Каримов дар соли 2016 Шералӣ Ҷӯраев дигарбора барои фаъолияти комили ҳунарӣ ҳақ пайдо кард. Соли 2018, дар “Консерти дӯстӣ”, ки дар Душанбе ба шарафи нахустин сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барпо карданд, Шералӣ Ҷӯраев ҳамроҳи дӯсташ Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов таронаеро бо номи “Дӯст” иҷро карданд, ки хотирмонтарин таронаи он консерт шуд ва муддати зиёде дар миёни таронаҳои аз ҳама пуртамошобин буд.
Азбаски ҳарду ҳунарманд дар кишварҳои худ дар рӯйхатҳои сиёҳ буданд, овозаҳое бархоста буд, ки гӯё Шералӣ Ҷӯраев исми дӯсташро дар байни ҳунармандони тоҷики ба “Консерти дӯстӣ” даъватшуда надида, ба даъвати ӯ пойфишорӣ кардааст. Вале худи Ҷӯрабек Муродов гуфта буд, ки баракс, ӯ пойфишорӣ кард, то номи Шералӣ Ҷӯраевро аз рӯйхатти сиёҳ дар Ӯзбекистон берун карда, ба ин чорабинӣ даъваташ кунанд.
Дар номаи таслияти роҳбарони Ӯзбекистон гуфта мешавад, ки Шералӣ Ҷӯраев бо истеъдоди нодир, садои нотакрор ва маҳорати баланди овозхонӣ эҳтиром ва маҳбубияти зиёдеро дар байни мардум ба даст оварда, аз худ садҳо таронаи шоҳкор ба ёдгор гузошт ва дар ғанитар сохтани фонди тиллоии таронаҳои миллии ӯзбекӣ саҳми арзандае гузоштааст.
Шералӣ Ҷӯраев солҳои охир роҳбари Шӯрои бунёди ҷамъиятии “Ватандошлар” (“Ҳамватанон”) ҳам буд, ки ин бунёд барои таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ таъсис ёфтааст.
Шералӣ Ҷӯраев барои хидматҳояш сазовори унвонҳои Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии ба номи Алишер Наворӣ, орденҳои “Фидокорона хизматлари учун” (“Барои хидмати фидокорона”) ва “Эл-юрт хурмати” (“Ифтихори Ватан”) шудааст.
Шералӣ Ҷӯраев аз худ як мактаби беназири овозхонӣ, беш аз 600 таронаи шоҳкор ва 5 фарзанд: 2 писар ва 3 духтар ба мерос гузошт. Писаронаш Шоҳҷаҳон Ҷӯраев ва Зоиршоҳ Ҷӯраев низ пешаи падарро пеш гирифта, овозхон шуданд.



